Бархӯрди се мошини боркаш дар роҳи Душанбе – Варзоб. Ронандаи яке аз ин мошинҳо маҷруҳ шуд

Дар километри 60-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд як мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz-Atego” ба ду боркаши дигар тамғаи “ДУЛАН” бархӯрдааст ва аз ин ронандаи “Merсedes-Benz-Atego” сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодиса рӯзи гузашта, 30-уми январ тахминан соати 12:10 дақиқа рух додааст.
Мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz-Atego”, ки аз ҷониби як сокини 27-солаи деҳаи Ругуни шаҳри Истаравшан идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд бо сабабҳои номаълум ба 2 мошини борбари тамғаи “ДУЛАН” бархӯрдааст. 
Яке аз ин ду мошин мутааллиқ ба як истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ ба сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будааст. 
Дар ин бархӯрд ронандаи “Merсedes-Benz-Atego” шадидан осеб дидааст ва ӯро фаврӣ ба беморхона бурдаанд. 
Садама сабаби як муддаи кутоҳ баста шудани роҳ шудааст. Кормандони ширкати роҳи “IRS” ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошинҳоро аз минтақаи тармарез берун овраданд ва роҳро барои ҳаракати мошинҳо ба ду самт боз карданд. 
Сабаби ин садама аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мешавад. Ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои ҳаракат ва риоя нашудани фосилаи байни мошинҳо як сабаби аслии ин бархӯрд аст.  

барчасп: