Рӯзе, ки гузашт: Ҳалокати марди 32 –сола аз сангпартоии ду ҷавон дар Куҳистони Масчо. Сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”-и пойтахт

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 29-уми декабри соли равон дар деҳаи Оббурдон, ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики Кӯҳистони Масчо Партавзода Шермуҳаммади 17-сола бо дӯсташ Муллозода Масъудҷони 18-сола аз баландӣ ба зер санг партов кардаанд ва аз зарби ин сангҳо Маҳмадзамон Наврӯзон, сокини ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст.

Сабаби ин муноқиша маълум нест. Ҳоло  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши пешкии қазияро оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Маҳмадзамони ҳалокшуда 32 сол доштааст. 

Сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”

Нимишабии 30-уми декабр, тахминан соати 02:25 дақиқа дар ошхонаиҲоҷиён” воқеъ дар кӯчаи Крупская 1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид. Ҳамзамон бо ин Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ 9 мошини сӯхторнишонии худро ба маҳалли ҳодиса эъзом кардааст.

Дар як муддати кутоҳ сӯхтор хомӯш карда шуд. 

Сабаб ва ҳаҷми сӯхтор аз тарафи мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надошт.