Тақвими рӯз: Солҳое 8-уми январ

8 январи соли 2019. Дар ҷараёни сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Р. бо сарварони шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии Раёсати КҲФ дар ВМКБ ҷаласаи фаврӣ доир намуд. Муфассал ин ҷост. https://www.khf.tj/calendar/2019/01/08

8 – уми январи соли 1996. Садамаи маргбори ҳавопаймои Ан-32 дар Киншосо (пойтахти Ҷумҳурии Демократии Конго).  Ан-32Б ҳавопаймои борбари ширкати ҳавопаймоии «Московские воздушные линии» (Moscow Airways) буд, ки аз Киншосо ба Кахемба парвоз мекард. Вақте худро ба парвоз омода мекард, натавонист ба ҳаво хезад ва ба бозоре бархӯрд, ки дар ҳамон наздикӣ ҷойгир шуда буд. Дар ин сонеҳа 297 нафар кушта шуданд ва 253 тани дигар захм бардоштанд. То соли 2016 ин калотарин ва пуркуштатарин садамаи ҳавопаймо ба шумор мерафт.

8 – уми январи соли 1989. Ҳавопаймои  Boeing 737—400 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии британиёии Bmi бар асари амали иштибоҳии сарнишинонаш сахт ба замин хӯрд. Аз 126 мусофири он 39 нафар дар дохили ҳавопаймо ва 8 нафар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. 74 тан, аз ҷумла ҳафт хадамаи ҳавопаймо шадидан захмӣ шуданд. 

8 – уми январи соли 2003. Ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат сарнагун шуд. Аз 80 нафар 75 тан кушта шуданд. Ин ҳавопаймо аз Истамбул ба Диёрбоқир парвоз мекард. 

8 – уми январи соли 2009. Чархболи «Alouette»- тавлиди Фаронса дар қабристоне сарнагун шуд. Халабони он дар ин ҳодиса оташ гирифт ва ҳалок шуд. Чархбол 200 литр керосин интиқол медод.

барчасп: