Лағзиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Ба касе осеб нарасидааст, аммо роҳ баста

Тибқи маълумоти дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамакнун ба сурати навбатдории шабонарӯзӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳузур доранд, соати 05:00 бар асари бориши барфи шадид дар километрҳои  50-54-уми шоҳроҳи ёдшуда лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон бо ин роҳи мазкур соати 05:00 аз ду ҷониб баста шуд. Лағзиши тарма хисорату талофот надошт.

Дар айни замон техникаи ширкати байналмилалии “IRS” ва хадамоти роҳи вазорати нақлиёти кишвар ба тоза кардани роҳ сафарбар шудаанд.

Ширкати “IRS” дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо интишори расмҳои зиёд аз вазъи кор дар роҳҳо аз ҷумла навишт: “Каме пештар, дар мувофиқа бо Раёсати БДА ВКД ва дар асоси тавсияи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.
Тасмими мазкур ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон, тозакунии роҳ аз барф ва бартарафсозии пайомади тармаборӣ рабт дошта, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат ҳаракати автомобилҳо имконпазир гардад”.

Аз ронандагон ва сокинони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунем қабл аз сафар ба самти Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Душанбе аз вазъи роҳҳо маълумоти расмӣ дарёфт кунанд ва баъдан омодаи сафар шаванд.

барчасп: