Covid-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Охирин хабарҳо аз авҷи бемории КОВИД-19. Чин аз пайдо шудани вируси нав аз хонаводаи коронавирусҳо хабар дод. Дар олам шумори гирифторон ба 8 миллион наздик мешавад. Сарвазири Қазоқистон ва вазири тандурустии ин кишвар ба коронавирус сироят шуданд. Эмануэл Макрон аз пирӯзии Фаронса бар КОВИД-19 иттило дод. Дар Тоҷикистон 67,7 дарсади мубталоён ба коронавирус шифо ёфтанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар кишварро 5035 нафар эълон кард. Ин ниҳод дар хабаре, ки шоми дирӯз расонаӣ кард, навишт: то соати 19:30 дақиқаи 14 июн дар Тоҷикистон 5035 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3409 (67,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд.  

Дра гузориш омадааст, ки то шоми 14-уми июн дар мамлакат 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

То 15-уми июни соли арвон дар саросари олам  7 990 151 гирифтори коронавируси Covid-19 буданд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта шумори мубталоён дар олам 41 ҳазору 051 нафар афзуд. Дар ин муддат бар асари гирифторӣ  ба КОВИД-19 435 ҳазору 496 нафар фавтиданд ва дар шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 1 ҳазору 390 нафар ҷони худро аз даст доданд. 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран теъдоди шифоёфтагон дар кулли кишварҳои дунёро 4 миллиону 108 ҳазору 52 нафар эълон кард. 

Ахиран президенти Фаронса Эмануэл Макрон аз пирӯзии комил бар коронавирус дар кишвараш хабар дод. Аммо Чин аз авҷи вируси нави корона дар ин кишвар бонги изтироб зад.  Сарвари ноҳияи Фэнтайи шаҳри Пекини Чин Чу Сзюнвэй эълон кард, ки дар ин минтақа аз пойтахти кишвар ба сабаби ошкор шудани коронавирус дар бозори “Синфади” низоми ҳолати ҳарбӣ эълон шуд. Дар оғоз 11 маҷтамаи будубоши сокинони наздик ба ин бозор ба маҳдудиятҳои хуруҷу вуруд фаро гирифта мешаванд. 

Сокинони ин биноҳо дигар ҳақи тарки хонаҳои худро надоранд ва вазифадоранд низоми худинзиворо ҷиддан риоя намоянд. Дарсҳое, ки дар се мактаби ибтидоӣ ва се кӯдакистон оғоз шуда буданд, дубора қатъ гардиданд. Дигарон вазифадоранд ба маҳалли корашон дигар ҳозир нашаванд.  .

 Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз сироят шуданаш ба вируси корона хабар дод. Вай навишт, ки натиҷаи тест ба коронавирус мусбат буд ва ӯ ҳоло дар бемористони касалиҳои сироятӣ бистарӣ шудааст. Сухангӯи сарвазири Қазоқистон гуфтааст, ки рӯзи 12-уми июн Садриаъзам ба вилояти Ҷабул сафар карда буд ва яке аз ҳамсафарони вай вазири тандурустии кишвар буд. Чун вазири тандурустӣ аз сирояташ ба вируси корона хабар дод, сарвазир фавран аз ташхис гузашт ва табибон дар бадани ӯ низ КОВИД-19-ро ошкор карданд, ки ба эҳтимоли зиёд аз вазири тандурустӣ сироят шудааст.