Дамои гарми даҳаи сеюми июн: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки даҳаи сеюми моҳи июн  ҳавои гарму хушк дар назар аст. Дар ин даҳрӯза дамои ҳаво дар баъзе манотиқи кишвар то ба 42 даарҷа гармӣ мерасад.

Маъмулан ҳавои гарм сабабгори об шудани барфу пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва болоравии ногаҳонии сатҳи оби рӯдхонаҳо, бахусус дарёҳои Вахш ва Панҷ ва болооби онҳо мешаванд. Ин ҳолат эҳтимоли омадани сел, лағзиши тарма ва резиши сангро зиёд мекунад.

Дар ҳамин итибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Ҳамчунин ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, молчаронӣ, сафар ба кӯҳҳо ва шикор бодиққат ва ботаваҷҷуҳ бошанд. 

Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми оббозиву шиноварӣ дар соҳили обҳо ва дарёву кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ кунанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.