Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи мубталоёни ба вируси корона аз 30 апрел то соати 18:00-и 24 июн ба 5630 нафар расид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳамин чанд лаҳза пеш иттило дод.
Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар мамлакат 4194 (74.5%) нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд, 52 нафар фавтидаанд.
Дар хабари вазорат омадааст, ки дар як шабонарӯзи сипаришуда 85 нафар беморон баъди шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
То 24-уми июни соли равон дар саросари олам 9 393 450 ҳодисаи сироят ба коронавируси Covid-19 ба қайд гиифта шудааст. Шумори мубталоёни нав дар як шабонарӯзи гузашта дар олам 105 857 нафар эълон шуд.
Аз коронавирус то кунун дар кулли кишварҳои дунё бештар аз 480 ҳазору 570 нафар фавтидаанд.
Ҳамчунин аз муолиҷаи пурраи 5 078 913 хабар дода шудааст.