Тамрин дар Донишгоҳи аграрӣ. Наҷотдиҳандагон амал ҳангоми сӯхтори эҳтимолӣ дар ин Донишгоҳро машқ карданд

Рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2020 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур машқи фармондеҳӣ - ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ба амал омадани сўхтор» гузаронида шуд.

Машқи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020, ки аз тарафи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сардори мудофиаи граждании мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур омода намудан ва муайянсозии малакаи идораи  қувва ва воситаҳои муассисаи таълимӣ аз ҷониби ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон ва командирони нерўҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла COVID-19 ба шумор мерафт.

Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ дар ду марҳила гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар марҳилаи якум бо ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон ва фармондеҳони нерўҳои мудофиаи гражданӣ там рини мазкур гузаронида шуда, масъалаҳои вазъияти ҳолати фавқулоддаи баамаломада - назариявӣ таҳти роҳбарии Сардори мудофиаи гражданӣ Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони факлтаҳои мустақили донишгоҳ баррасӣ карда шуданд.

Зимни гузаронидани маҳилаи дуюми машқ фаъолияти нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании донишгоҳ амалан гузаронида шуда, чорабиниҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва сўхтор дар ҳамоҳангӣ бо Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва хадамоти мудофиаи граждании ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар саҳни бинои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур гузаронида шуданд.

Дар ташкил ва баргузории тамрин ҳайати шахсии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита, гурўҳи Дастаи зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Раёсати Кумита дар ноҳияи И. Сомонӣ саҳмгузорӣ намуданд.

Машқи мазкур дар сатҳи баланди таълимӣ ва методӣ гузаронида шуда, рафти чорабиниҳои баргузоргардида пурра ба навор гирифта шуд.

Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Файзуллозода У. машқи фармондеҳӣ-ситодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро таҳлил ва наиҷагирӣ намуда, «Қаноатбахш» баҳогузорӣ намуданд.

Дар рафти тайёрӣ ва баргузории ин тамрин ягон ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта нашуд.

 

Х. Вализода, роҳбари машқи

фармондеҳи ситодии мудофиаи гражданӣ,

муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ,

полковник