Хеле матлаби хонданӣ аз доктори Абдуллоҳи Давлат-духтури тоҷики муқими Москав дар бораи КОВИД-19. Ӯ мегӯяд: то 85%-и гирифторон дар Русия чораҳои пешгириро риоя накардаанд

Аз руи маълумотҳои расмӣ бармеояд, ки то 07.11.2020 с. дар ҷаҳон 49 247 980 одам гирифтори коронавируси нав шудаанд, ки 1 241 981 нафараш ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд. Шояд миллионҳои дигар бо сабабҳои мухталиф ба омори расмӣ ворид нашуда бошанд. Яъне, яқин аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё шумораи гирифторону фавтидагон аз Ковид-19 ба маротиб зиёд ҳастанд.

Агар воқеият чунин аст, пас, чаро баъзеҳо бо риоя накардани чораҳои пешгирӣ ва ҷиддӣ нагирифтани ин уфунӣ, ба саломативу ҷони худу атрофиёнашон зулм мекунанд? Ҳатто президенти Амрико Трамп, ки дар аввал ниқобҳои тиббиро як чизи беҳуда меҳисобиду ба коронавирус боварӣ надошт, баъди гирифторияш ақидаашро дигар кард. Вале, ин беэътиноӣ ва каҷрафтории раисҷусҳурӣ ИМА фалокатбор шуд – то имрӯз дар онҷо зиёда аз 10 058 586 нафар сироят шудаанду зиёда аз 242.230 талафоти ҷонӣ додаанд.

Баъди дубора авҷ гирифтани ин уфунӣ дар Русия расман эълон шудааст, ки то 85%-и гирифторон аз чораҳои пешгирӣ риоя накардаанд.

Болотар аз ин, баъзеҳо видеоҳову матнҳои финаангезеро паҳн мекунанд, ки гӯё Ковид-19 ва чораҳои ҳукуматҳову хулосаҳои олимону талошҳои духтурон аз ҳангомае беш набошанд ва ҳамааш бофтаанд.

Ба худ савол гузоред, ки агар бо ҷорӣ шудани худинвизоиву бастани корхонаҳову манъ кардани гардиши шаҳрвандону маҳдудиятҳо дар фаъолияти тоҷирон, ба иқтисодиёти кишварҳо аллакай зарбаи сахт расида бошад ва шояд баъзе соҳаҳоро фалаҷ гардонаду вазъи иҷтимоӣ мушкилтар шуданӣ бошад, бо кадом мақсад ҳукуматҳо коронавирусро бофта бошанд? Мантиқ ку?

Агар ки ба ин савол ҷавоби дуруст пайдо кардеду бовар карда бошед, ки коронавируси нав SARS-CoV-2 як офати уфунии ҷаҳонгири хавфнок аст, ин маводро, ки дар асосии видеои як рӯз пеш гузошта шуда таҳия шудааст, дар хизмататон мегузорам, ба хотири розигии Парвардигор ва умеди дуъо аз якояки шумо.

Аввал аз он оғоз кунем, ки чаро то ҳол аз роҳҳои пешгирӣ тавассути чораҳои худинвизоиву ниқоби тиббиву дастпӯшаку маводҳои антисептикӣ мегӯянд? Барои он, ки новобаста аз ҳама сиёсатбозиҳо дар атрофи Ковид-19, ҳоло на воксини ҳамагир барои пешгирии коронавируси нав ихтироъ шудаасту на доруи маҳвкунандаи он.

Худатон хулоса кунед - агар воксин ё доруи табобат аз Ковид-19 мавҷуд мебуд, магар ҳукуматҳо вазъи иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии кишварашонро бад мекарданд? Албатта не! Балки ин уфуниро ҳамчун дигар бемориҳо муолиҷа менамуданд ва бо фурӯхтани воксин ё дору ҳам ширкатҳои фарматсевтӣ фоидаи ҳангуфт мебардоштанду ҳам давлат андози зиёд меруёнду ҳам одамон бо дору аз ин уфунӣ раҳоӣ меёфтанд. Масалан, мисли табобати грипп, ки ҳам аломатҳояш ва ҳам шохиси гузаришаш (индекс контагиозности) аз Ковид-19 на он қадар аз фарқ доранд (шохиси гузариш аз грипп 1,3 ва аз SARS-CoV-2 аз 2 то 4. Яъне, гирифтори грипп агар байни 100 одам атса занад аз онҳо 1 ё 2 нафар сироят мешаванд. Вале, гирифтори Ковид-19 аз 2 то 4 нафарро сироят мекунад).

Хулоса, то имрӯз дар нисбати омӯзиши вируси SARS-CoV-2, роҳҳои паҳншавияш ва таъсираш ба бадани инсон олимону духтурон хеле муваффақ шудаанд, аммо дар нисбати табобаташ ягона дастовард ин тасдиқи бефоида будани доруҳои аз рӯзҳои аввал истифодашуда асту халос.

Яъне, он доруҳое, ки то имрӯз истифода мекунанд, фақат дар муолиҷаи узвҳову системаҳои зарар дида кӯмак мекунанд ва ё барои низоми кори баданро муътадил нигоҳ доштан муфиданд. Доруҳое, ки аз оғоз дилгармкунанда буданд, ахиран аз феҳрасти маводҳои зидди коронавирусӣ бардошта шуданд. Аз қабили Ремдесивир, Гидроксихлорохин, Лопинавир ва Интерферон, ки таҳти назорати СБТ бо риояи тамоми талаботҳои илмӣ дар 11 кишвари дунё санҷида шуданд. Муҳаққиқон чунин натиҷа гирифтаанд, ки ҳамаи ин 4 дору дар муқобили коронавируси нав номуваффақ будаанд. Ин ҷо қобили қайд аст, ки доруҳои хинин дошта (Гидроксихлорохин, Делагил, Плаквенил ва амсоли инҳо) дар ҳолатҳое, ки ферритини хун зиёд бошаду дар низоми кори дил халал набошад, истифода мешаванд ва кӯмак ҳам мекунанд. Аммо, фақат духтур ва баъди ташхиси дақиқ бояд тавсия диҳад, вагарна, доруи зараровар ҳам ҳаст.

Дар баробари ин, дар Русия ҳоло доруҳои навро ба бозор баровардаанд - «Авифавир»,  «Арепливир» ва «Коронавир», ки таркиби таъсиркунандаашон Фавипиравир аст.

Фавипиравир ихтироъи японӣ буда оиди таъсири он ба коронавируси нав SARS-CoV-2 дар Италия, ИМА, Британияи Кабир ва  худи Япония таҳқиқоти клиникӣ гузаронидаанд, ки натиҷааш манфӣ будааст.

Маълум шудааст, ки фавипиравир гени вирусҳои А ва В-ро вайрон мекардааст. Аз сабаби дар зери шубҳа қарор доштани бехатарии фавипиравир, онро фақат дар ҳолатҳое истифода мебаранд, ки  Оселтамивир бетаъсир бошад. Қайд кунам, ки Оселтамивир ва Занамавир (Реленза) ду доруи таъсирбахш ба вирусҳои грипп ҳастанд.

Аз моҳи марти соли 2020 Фавипиравир расман барои табобати грипп дар Чин иҷоза шудааст. Агарчӣ, моҳи феврали ҳамин сол олимони чинӣ хулоса карда буданд, ки in vitro, яъне дар таҳқиқотҳои лаборатории берун аз ҷисмҳои зинда, ин дору паҳншавии коронавируси навро қатъ мекардааст. Баъдтар, ҳамин таҳқиқгарон тасдиқ кардаанд, ки аз бадани беморони фавипиравир истифода карда, коронавируси нав дар мӯҳлати 4 рӯз берун мешудааст. Бояд қайд кард, ки чиниён дар натиҷаи таҳқиқотҳои худ аз талаботҳои илмӣ ба пуррагӣ риоя накардаанд (таҳқиқотҳо фарогир ва рандомозӣ набудаанд).

Дар Русия бошад, моҳҳои апрел ва майи соли 2020 дар 6 клиникаи шаҳрҳои Маскав, Смоленск ва Нижний Новгород нисбати фавипиравир озмоиш гузаронидаанд ва хулоса шудааст, ки истеҳсолаш ба роҳ монда шавад. Ва ҳоло ҳамон 3 доруе, ки гуфтем, дастрас ҳастанд.

Ба як нуқта диққататонро ҷалб кунам, ки агар аз ин доруҳо харид кардед, дастуръамали (инструксияи) дар қуттӣ бударо хонед. Он ҷо эълон шудааст, ки ин дору барои муолиҷаи Ковид-19 истифода мешавад, аммо, дар қисмати “Фармакодинамика”- аш, ки барои духтурон инаш заруртар аст, қайд шудааст, ки таъсири асосияш ба вируси гриппи А ва В аст.

Дар тавсияҳои охирини Департаменти тандурустии Маскав истифодаи Риамиловир (Тризавирин) маслиҳат шудааст. Аммо, ин дору ҳам аз тарафи СҶБ эътироф нашудааст.

Хуб, дар мавриди доруҳо гуфтем, воксин чӣ?

Вирус ба фарқ аз бактерия организми зинда нест, ки ихтироъи воксин бар муқобилаш кори осон бошад.

Агар вируси SARS-CoV-2 ба бадани касе ворид шуд, дониста бошед, ки бо хориҷ шуданаш аллакай дигар шудааст. Яъне, ҷаҳиш хӯрдааст (мутатсия шудааст). Аз ин ҷост, ҳеҷ як вирус ба дигараш монанд нест.

Ҳамчуноне, ки дар боло гуфтам, вирус ба фарқ аз бактерия зинда нест. Яъне, вирус вируси нав намезояд. Балки, худро нусха мекунад. Тасаввур кунед, ки шумо дар як ҳолат қарор гирифтеду суратгир 100 акс бардошт. Агарчӣ, шумо ҳамон як шахс ҳастеду аз ҷой наҷунбидеду дар диди аввал ҳамаи аксҳо монанд ҳастанд, вале чун бо диққат омӯзед, ҳамаи суратҳо аз ҳамдигар фарқ доранд.

Коронавируси SARS-CoV-2 ҳам чунин аст – ҳамон як вирус аст, аммо, ҳар як вируси нав аз нусхаи пешинааш фарқ дорад. Дуруст аст, ки бактерияҳо ҳам аз ҳамдигар фарқ доранд, аммо, ҳамаашон пардаву девори ҳуҷайрау мӯякҳои часпишу рибосомаи сафедазову ҳаставу митохондрия ва ғайраи яксон доранд. Аз ин хотир, воксину дору бар муқобили бактерияҳо пайдо кардан осон асту бар муқобили вирус мушкил.

Пас, хулоса ин аст, ки дар ин моҳҳои наздик бо умеди воксину доруи кушандаи коронавируси нав нашавед ва бо тамоми ҳастиву тавонатон аз чораҳои пешгирӣ риоя кунед ва атрофиёнро ҳам ба ин кор даъват намоед.

Ягона роҳи сироят наёфтан ё сабук паси сар кардани ин уфунӣ ҳамин пешгирӣ ва эҳтиёт аст.

Такрор мекунам, ки аз ҳамин хотир ҳукуматҳову олимону духтурон пайваста аз худинвизоиву пешгириву эҳтиёткорӣ мегӯянду менависанд.

Боз ҳам такрор кунам, ки

- фосилагирӣ;

- тарк накардани манзилу мавзеъ, агар гирифтори уфунӣ бошед;

- истиншоқу ғарғараву шӯстани дасту рӯ ва ҳама ҷойҳои кушодаи бадан (таҳорат кардан);

- аз маводҳои зиддиуфунӣ истифода кардан;

- ниқоби тиббӣ ва дастпӯшак пӯшидан,

ҲАЁТАН ЗАРУРУ МУФИД ҲАСТАНД!

 

Албатта, бародарону хоҳарони боимон ва ҳар касе, ки ба дини мӯбини Ислом диди назари беғаразона дорад, медонад, ки ин ҳама чораҳои пешгирии қайдшуда асоси илмӣ доранд ва дар ҳадисҳои Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) оварда шудаанд.

Дар охир қайд кунам, ки баъзеҳо ба чораҳои пешгирӣ бо тамасхур менигаранд, қисме ниқоби тиббиро беҳӯда мешуморанд, сеюмӣ дастпӯшакҳоро изофавӣ медонанд.

Гуё, ки онҳо аз ҳазорон олимони соҳаи тиббу биологияву вирусологияву ғайра донотар бошанд. Хуб, ин рафтору муносибаташон моли онҳост ва Худо медонаду он махлуқонаш.

АММО, АЗ ДИДИ НАЗАРИ ТИББӢ ДОНИСТА БОШЕД:

1. Натиҷаи санҷиши олимони Япония нишон додааст, ки истифодаи ниқобҳои тиббии одӣ аз тарафи одамони солим воридшавии коронавируси навро то 17%, ниқоби сеқабатаи ҷарроҳӣ то 47% ва респиратори KN95 то 79% кам мекардааст.

Агар одами сироятшуда ниқоби оддии латагӣ ва ё ҷарроҳӣ бандад, аз 70% зиёд паҳншавии вируси Ковид-19 кам мешудааст.

2. Дастпӯшакҳо: агар пӯшидану шӯстани дастҳо кори беҳӯда мебуд, аз кӯдаки моро бо дастони ношуста ба сари дастархон наздик шуданро манъ намекарданд. Дар ҳар сари қадам маводҳои зиддиуфунӣ намегузоштанд, ки хароҷоти зиёдеро талаб мекунанд. Аз даст додан ба якдигар эҳтиёт намекарданд.

Чаро, ки вақте вирус ба кафи даст мерасад ва одам тасодуфӣ ва нохудогоҳона даст ба рӯй мебарад ва бинияшро ё чашмонаш ё лабонашро мемолад, он вирус метавонад вориди бадан шавад. Дастпӯшакҳо беҳтарин маводи пешгирӣ аз часпидани вирус ба кафи дастҳост ва аз онҳо ҳатман бояд истифода бурд.

Ва умуман, бояд донем, ки агар ниқоби тиббиву дастпӯшакҳову фосилагириву дигар талаботи қонунии ҳукуматҳову мутахассисон коронавируси навро маҳв насозанд ҳам, ҳадди аққал ин сахтгириҳо гардиши одамонро кам мекунанд, ки худ аллакай монеъаи ҷиддӣ ба паҳншавии Ковид-19 аст.

Пас, сохторҳое, ки бар муқобили коронавируси нав сафарбар шудаанд, бояд бе чуну чаро дар ин самт сахтгир бошанд.

Мардум бояд аз ҳукумат даъвати кушодани марзҳо не, балки баръакс – бояд талаб кунанд, ки сарҳад баста бошаду рафтуо кам шавад.

Масалан, дар Русия, ки марзҳояшро бо Туркия кушодааст, ҳисоб карданд, ки то 90% сироятшудагон аз он кишвари офтобӣ баргаштаанд ва ҳоло талаби дубора бастани роҳҳоро доранд.

Бояд якояки мо бо истифода аз ҳамон мақоли тоҷикии “Бо умеди Худо нашаву буттаро сахт қап”, ки Худо ҳамон бутаро бароят офаридааст, рафтор кунему худ ва наздикони худро аз сирояти ин уфунӣ эмин дорем!

Дониста бошед, ки беморӣ одамро намекушад – одамро ташхиси сари вақт анҷом надодашуда ва табобати нодуруст мекушад.

Ҳамчунин, бояд байни “эҳтиёт”- у “пешгирӣ” ва “тарс”- у “ваҳм” фарқ гузоред. Ҳатман чораҳои пешгирӣ аз сироят ва эҳтиётро риоя кунед. Дар баробари ин, фикрро сӯи корҳое равона кунед, ки ҳеҷ рабте ба Ковид-19 надошта бошанду дар хотираатон аз ҳолатҳои хуби зиндагӣ ҷустуҷӯ кунед то бо табъи баланд масуниятро қувват бахшеду коронавирусро гурезон кунед.  

Боқӣ, Худо нигаҳбон бошад!

 Абдуллоҳ Давлат

 

МАТЛАБИ ДИГАР АЗ ДОКТОР АБДУЛЛОҲИ ДАВЛАТ:

Духтури тоҷики муқими Москав Абдуллоҳ Давлатов: Коронавирус авҷ мегирад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!