Субҳи рӯзи 10 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар соли 2020 баргузор шуд, ки дар фарҷом барои соли 2021 вазифаҳо мушаххас шуданд. Ҷаласа бо ширкати Раиси Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия Давлатзода Муҳаммадшоҳ Ғайрат ва намояндаи Кумита – муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ полковник Вализода Х. доир шуд.
Инчунин дар ин нишаст аъзоёни комиссияҳои ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсионӣ, устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, роҳбарони иншоотҳои иқтисодӣ ва раисони шўроҳои маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”, ҳисоботи сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Сангвор, оид ба фаъолияти бахш дар нуҳ моҳи соли 2020, ҳисоботи сардорони зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омодагиҳо, захираи маводҳои моддӣ –хўрокворӣ, доруворӣ, автобензин, сўзишвории дизелӣ, ангиштсанг, ҳезум, техникаи муҳандисӣ ва маводҳои зидди лағжиш барои зимистони солҳои 2020-2021 шунида шуданд.
Дар идомаи маҷлис ба ҳайати Комиссия Нақшаи тасдиқгардидаи пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳору тобистони соли 2021 дар ноҳияи Сангвор пешниҳод гардид.
Ҳамчунин масъалаи муҳоҷирони экологӣ оид ба таъмин бо заминҳои наздиҳавлигӣ ва маблағҳои имтиёзнок аз тарафи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор мавриди баррасӣ қарор гирифт.