Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Борон то 15 ноябр хоҳад борид. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бориши борон  то 15 ноябри соли 2020 идома меёбад, ҳамзамон дар баландкӯҳҳо, махсусан дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр ин борон ба барфи тар табдил меёбад. Шабона ва субҳгоҳон ҳавои сард дар минтақаҳои кӯҳӣ сабаби яхбандӣ ҳам мешавад. Дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо +8+10 °С хоҳад буд.

КҲФ ҳушдор медиҳад: барфи таре, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва бахусус роҳҳои кӯҳӣ дар назар дошта шудааст, метавонад таъсир ба симчӯбҳои интиқоли барқ расонад ва дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли канда шудани хатҳои баландшиддати барқ вуҷуд дорад.

Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки худро аз сардиҳо ва сироят ба ҳар гуна бемориҳо ҳифозат кунанд, либоси гармтар пӯшанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ҳушёр бошанд, бахусус ронандагон бо ҷиддият муносибат кунанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд. 

барчасп: