Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Раёсату шуъбаҳои минтақавии Кумита

Дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо иштироки афсарони Раёсат ҷамъомади идона таҳти унвони “Парчамдорӣ - Ватандорист" бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷабой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Парчами миллӣ ба самъи ҳайати шахсӣ расонид.

Афсари бахши кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат лейтенант Наим Содиқов    афзуд, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки  тамоми чорабиниву ҷашнҳо зери парафшонии Парчами давлатӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, амну осоиштагии Ватан ва ободкориву бунёдкориҳо доир гардиданд. Бояд қайд намуд, ки Парчам  барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Барои болафшон будани парчам дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёд намудаанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастоварди бузурги тоҷикон дар эҳё ва ташаккули давлатдорӣ ин қабули рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.  Таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».
Дар миёни рамзҳои давлатӣ Парчам нақши махсус дорад. Зеро он ифодакунандаи мақсаду маром, нияту орзуҳои миллат буда, дар низоми давлатдории миллӣ дорои аҳамияти бузург аст. Парчам рамзи давлатдории миллии мо мебошад. Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари умеду ормонҳои мо ҳамеша партавафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.

Шаҳзодабону Нуриддинзода

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна ҷамъомадҳои тантанавӣ дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавӣ баргузор шуданд.