24 ноябри соли 2020, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ – Сардори раёсати ташкилию оперативӣ полковник Вализода Х., ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С. гузаронида шуд.
Дар ҷаласа Раиси комиссия – раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф, муовини якуми раиси комиссия – муовини якуми раиси ноҳия Сафарзода Ш.Н., муовини раиси комиссия – Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳия, подполковник Оймаҳмадов С.С., котиби комиссия – сармутахассис - ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳия Вализода М., аъзоёни комиссия дар ҳайати 30 – нафар иштирок доштанд.
Ҷаласаро Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда Самӣ Шариф оғоз намуд.
Бо мақсади андешидани чораҳо ҷиҳати тайёрӣ ба офатҳои табиӣ мавсими боронгариҳои соли 2020 ва тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 қарор шуд, ки дар зернизомҳои вазифавии ноҳия навбатдорӣ ташкил карда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании зернизоми вазифавии ноҳия дар ҳолати омодабош қарор дода шавад.
Оиди пешгири намудани оқибатҳои нохӯши равандҳои табиӣ муовини якуми раиси ноҳия, Сардори Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию коммуналӣ, сардорони шўрои маҳаллаҳо вазифадор карда шуданд, ки байни аҳолии маҳаллаҳое, ки дар рўзҳои боронгариҳои шадид хатари оқибатҳои нохӯш ба онҳо таҳдид менамояд корҳои таблиғотӣ гузаронида шавад.