Рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои садамаҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рух доданд, ширкат варзиданд.
Чунончӣ, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд занг заданд, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров мошини сабукрави Mercedes Benz ва мошини боркаши Дулан ба ҳам бархӯрданд ва одамон маҷрӯҳ шуданд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса расиданд ва маълум шуд, ки мошини сабукрав ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Исфара ба мошини боркаши Дулан бархӯрд.
Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи сабукрав, сокини 19-солаи шаҳри Исфара ва мусофир, сокини 32-солаи шаҳри Ваҳдат дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Се мусофири дигар дар дохили мошин монданд ва ба кӯмаки тиббӣ ниёз доштанд.
Наҷотбахшон бо ёрии асбобҳои махсус ҳалокшудагонро аз дохили мошини чаппашуда берун оварданд. Се мусофир бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳияи Б.Ғафуров интиқол дода шуданд.
Сабабҳо ва ҷузъиёти садамаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян мекунанд.
*** *** ***
Ҳодисаи дуввум дар қаламрави шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. 6 январи соли 2021, соати 10:38 дар анбори ҶДММ Султони Ҳаким, воқеъ дар кӯчаи Абдуллобеков - 21, ноҳияи Сино сӯхтор ба амал омад.
Барои хомӯш кардани оташ дар соати 10:40 субҳи имрӯз як гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе фиристода шуд, ки якҷо бо кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тотористон сӯхторро соати 11: 18-и вақти маҳаллӣ пурра хомӯш карданд.
Масоҳати оташсӯзӣ дар анбори ҶДММ “Султони Ҳаким” тақрибан 150 метри мураббаъро ташкил додааст. Талафот нест, сабабҳои сӯхторро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.
*** *** ***
Амалиёти сеюмро наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант анҷом доданд.
Имдодгарон аз об ҷасади як марди ношиносро берун оварданд. Баъдан маълум шуд, ки вай як сокини 38-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд будааст. Гуфта мешавад, ки ин мард бо сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ задааст ва худро ба обанбори НОБ Левакант сарозер кардааст.
Ҷасади буруновардашуда ба кормандони милитсияи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон супурда шуд ва ҳоло тафтишот идома дорад.