Кори бунёди аввалин тамрингоҳи Маркази миллии таълимии омодасозии имдодгарон оғоз шуд (ВИДЕО)

19 январи соли 2021 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Устувории сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки тавассути Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, марҳилаи аввали корҳои  сохтмони Маркази миллии таълимӣ оид ба таълими наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз гардид.

Дар маросими оғози кор раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ҷаноби Валериу Кивер, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон, сарвари ҳукумати ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Асғар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тоҷибоев Аскар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустанбеков Жаниш, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ҷаноби Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.  

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар маросими ифтитоҳ зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро баланд мебардорад, балки ба басичии гурӯҳҳои имдод дар мубориза бо офатҳои табиӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. 

"Кори муштарак ба мо имкон медиҳад, ки ба системаи глобалии вокуниши офатҳои табиӣ фаъолона ҳамроҳ шавем ва бо шарикони хориҷӣ самаранок ҳамкорӣ кунем, инчунин лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт татбиқ намоем, ки ин бешубҳа ба чизи муҳимтарин - наҷоти ҳаёти инсон мусоидат мекунад”,-гуфт ӯ.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ҷаноби Валериу Кивер, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Асғар ва Раиси ҳукумати ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода дар бораи амалҳои муштарак ва татбиқи минбаъдаи дигар лоиҳаҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ суханронӣ карданд. 

Бояд гуфт, ки ин машқгоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар доман паҳн карда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзишӣ, инчунин маҷмааҳои таълимӣ-моделсозӣ иборат хоҳад буд. Ҳама биноҳо ҷиҳозонида шуда, бо системаҳои гармидиҳӣ, нерӯи барқ ​​таъмин карда мешаванд ва гирду атрофи биноҳо кабудизор хоҳанд шуд.

Тамрингоҳи миллӣ як маҷмааи беназири махсусест, ки бо назардошти хусусиятҳои минтақа ва талаботи муосир сохта мешавад, ки омодагии ҳамаҷонибаи амалии гурӯҳҳои имдод дар сатҳи баландтарин таъмин менамояд. Дар ин тамрингоҳ наҷотдиҳандагон моделҳои нави таҷҳизоти имдодро месанҷанд ва истифода аз онро пурра меомӯзанд.  

Дар маҷмӯъ ин лоиҳа се марҳилаи иҷро дорад ва м арҳилаи аввали он аз моҳи январ то ноябри соли 2021-ро дар бар мегирад.