Ҷаласаи Платформаи умумимиллии арзёбии хатари офатҳо ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд

29 январи соли 2021 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Христофорос Политс нахустин ҷаласаи Платформаи умумимиллии арзёбиҳои  хавфу хатарҳои гуногун баргузор шуд.

 Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар, аз қабили - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмонҳои ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатӣ оид ба заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сафирон ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот рӯнамоии арзёбии хавфи хатар дар давраи ҳисоботӣ, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ин самт ва банақшагирии чорабиниҳои муштарак дар ин самт пешниҳод карда шуданд.

Инчунин, як қатор дигар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаласа дар низоми онлайн иштирок карданд.

Бо пешниҳоди КҲФ қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии ислоҳот дар кори Платформа дар даҳаи аввали соли 2021 баргузор карда шавад.

Дар моҳи ноябри соли 2018, КҲФ дар доираи лоиҳаи «Тақвият иқтидори коҳиш ва вокуниши офатҳои табиӣ» ташаббуси таҳияи платформаи саросарии баҳодиҳии хавфҳои хатарҳои гуногун дар Тоҷикистонро, ки ба муайян кардани осебпазирии ҷомеаҳо ва инфрасохтор ба офатҳои табиӣ, сатҳи гирифторӣ ба хатарҳои асосии оянда (обхезӣ, сел, заминҷунбӣ, хушксолӣ, тӯфон, ярч ва тарма), ки тавассути БРСММ амалӣ карда мешавад, пешниҳод кард. Платформа бо дастгирии молиявии ҳукуматҳои Ҷопон ва Швейтсария таҳия шудааст.

Платформаи саросарии арзёбии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ, ояндаи офатҳо, такмил додани идоракунии умумии хатари офатҳо ва банақшагирии рушд дар кишварро дорад. Ин платформа инчунин имкониятҳои миллӣ ва маҳаллиро тақвият мебахшад ва мубодилаи донишро дар байни ҷонибҳои манфиатдор осон мекунад.

барчасп: