Тадбирҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон

Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ҳолатҳои фавқулода ногаҳон сар мезананд ва сокинонро дар ғафлат мегузоранд. Вале омодагӣ ба ҳар офати эҳтимолӣ сатҳи хатарро кам мекунад. Ин омодагиҳо бояд ҳамешагӣ бошад, бояд селроҳаҳо аз хасу хошоку сангу хок пок карда шаванд, корҳои соҳилбандӣ ба ҳадди лозим амалӣ шаванд,  то оби зиёд аз соҳилҳои осебпазир берун наравад ва ба зироат ва хонаҳои мардум зарар нарасонад ва ғайра.

Ин аст, ки зарфи як ҳафтаи охир кормандони Раёс ати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар як қатор ноҳияҳо ва хоҷагиҳои вилоят корҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд.

Чунончӣ,  ҳолати воқеии деҳаҳои Дустӣ ва Сарипули ҷамоати шаҳраки Бохтариён аз назар гузаронида шуда, бо муҳоҷирони экологии дар навбати аввал кучонидашаванда аз тарафи муовини соҳавии Раиси ноҳия Сафарзода Ш., Сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳия капитан Қуватзода Д. ва Мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия  Қодирзода Қ.  вохурию мулоқотҳо баргузор шуд.

Зимни вохурӣ бо муҳоҷирони экологии раванди ҳодисаҳои ғайричашмдошти экологӣ доир ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ва интиқоли  аҳолӣ аз мавзеъи хавфнок ба мавзеъи бехавф ҳангоми баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш суҳбатҳои гузаронида, ба сокинони мавзеъи мазкур брошюраҳо оиди “Обхезӣ ва сабабҳои рух додани он” тақсим карда шуданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрию мулоқотҳо ба аҳолии мавзеъҳои мазкур вобаста ба масъалаҳои ғарқшавӣ ва рехтани тахтасангҳои оҳанию бетонӣ сухан ронда, аз рӯи харита дар бораи шинонидани дарахтони аз тарафи Созмони байналмилалии Ташкилоти КАРИТАС Швейтсария дастрас шудааст, паҳн карда шуд.

Ҳамчунин  дар асоси Қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 ноябри соли 2020  Нақшаи  пуррагардонии  Маркази таълими - методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи  гражданӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2020 ва тибқи барномаи  омузиши  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рузҳои 27 - 28 январи соли 2021 бо сардорони  мудофиаи  граждании  хоҷагиҳои  деҳқонии ноҳияи Шаҳритус  мулоқот баргузор карда шуд.

Дар ин дидорҳо сухан дар бораи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, роҳандозии корҳои таблиғотӣ барои пешгирӣ аз ҳодис аҳои ғарқ шудан дар обҳо рафт.

Ҳамин гуна чорабиниҳо дар ноҳияҳои Носири Хусрав ва Ёвон низ гузаронида шуданд.

М.Муйдинов