Лағзиши пиряхи азим дар Ҳинд 14 нафарро кушт ва 145 нафарро бенишон кард (ВИДЕО)

Лағжиши як пирях дар иёлоти Уттаракҳанд воқеъ дар шимоли Ҳинд муҷиби ҳалокати 14 нафар ва бенишон шудани 145 нафар шуд. Дар хабаре, ки ахиран пулиси минтақавӣ интишор додааст, омадааст, ки то ин лаҳзаҳо 15 нафар наҷот дода шуданд ва ҷасади 14 танро аз зери тарма берун оварданд.

“Ин ҳодиса хеле зуд рух дод ва ҳатто фурсате нашуд ба ҷойе хабар диҳем, гуфтааст ба хабаргузории Рейтер Санҷай Сингх Рана, ки дар ҳамин наздикиҳо зиндагӣ мекардааст. – Ман фикр кардам, ки ин фалокат ҳамаи моро хоҳад кушт”.

 Ин пирях аз кӯҳи Нандадеви сарозер шудааст. Нандадеви минтақаест, ки ба кӯҳҳои Ҳимолой дохил мешавад. Он аз баландӣ босуръат поин шуд ва сарбанди ду нерӯгоҳи барқие, ки дар ҳоли сохта шудан буд, рахна кард. 

Бино ба наворҳое, ки то кунун пахш шуданд, ин тармаи азим алакай яке аз ин сарбандҳоро комилан хароб кардааст. Аксари онҳое, ки бенишон шуданд, коргарони ҳамин сохтмонҳо буданд.

Ҳукуматдорон фурсати онро пайдо карданд, ки сокинони деҳоти атрофро ба маконҳои амн интиқол диҳанд.

Нарендро Моди – Сарвазири Ҳинд дар саҳифаи худ дар Твиттер навиштааст, ки “Кишвар ба ин ниёиш аст, ки ҳамаи гумшудагон пайдо ва ба ҷойи бехатар интиқол ёбанд”.