Мухтасар аз нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Тӯли бештар аз як соат генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар бораи ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении соли гузашта, амалиётҳои наҷоти дастаҳои имдод, робитаҳои байналмилалӣ, мубориза зидди КОВИД-19 ва дурнамои фаъолияти Кумитаи дар соли 2021 маълумот ва ба суолҳои хабарнигорон посух дод.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ соли гузашта 8 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла: бар асари лағзиши тарма 2 нафар (дар ноҳияи Рашт), омадани сел 4 нафар (Хуросон, Масчо, дар норҳияҳои Деваштич) ва раду барқ 2 нафар (ноҳияи Кушониён ва шаҳри Панҷекат) ҷони худро аз даст доданд.  

Сарфи назар аз рейдҳои пайваста, дидору мулоқоти кормандону мутахассисони КҲФ бо сокинон, муроҷиат аз тариқи радио, телевизион, сомонаи Кумита мутаассифона, дар иншоотҳои обии кишвар одамон ба ҳалокат мерасанд. Бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаки бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ 107 (соли 2019 – 141 нафар) ҷони худро аз даст доданд. 6 нафари инҳо ҳамагӣ то 4 сол умр доштанд, 10 нафар аз 5 то 10 сола, 17  нафар аз 11 то 16-сола, 47  нафар аз 17 то 35 ва 27 нафари дигар аз 35-сола боло буданд. Дар давоми соли гузашта 55 нафар ҳангоми ғарқ шудан аз ҷониби имдодгарон наҷот дода шуданд.

Генерал Назарзода ҳамчунин гуфт, ки дар соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 213 (соли 2019 - 680) ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 25 ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар ба маблағи 58 млн  911 ҳазору 400 сомонӣ зарари молиявӣ расонид. 

Сарвари Кумита Рустам Назарзода гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолият ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот мебошад. Соли 2020 наҷотдиҳандагони Кумита  дар бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ширкат намуданд, ҳамчунин корҳои зерини садамавиву наҷотро ба анҷом расонданд. Чунончӣ, имдодгарони КҲФ ба 781 (соли 2019 – 743) даъвати фаврӣ посух доданд, ки ин 19,7% бештар дар қиёс ба соли гузашта буд. Дар натиҷа ҷони 216 нафар аз хатар наҷот дода шуд.

Генерал Рустам Назарзода дар бораи минтақаҳои хавфноки кишвар низ ибрози назар кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шуд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1471 минтақаҳои хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо мавзеъҳои аз ҷиҳати селу обхезӣ хатарнок мебошанд.

Аз ҷумла: дар ВМКБ - 308 мавзеъ, дар вилояти Суғд – 293 мавзеъ, дар вилояти Хатлон - 401 мавзеъ, дар минтақаи Рашт- 223, дар минтақаи Ҳисор- 236 ва шаҳри Душанбе 10 мавзеъҳои хавфнок мавҷуд аст.

Аз 1471 минтақаҳои хавфнок – 515 мавзеъҳои аввалиндараҷаи хатарнок мебошад.

Шумо дар бораи дигар рӯйдодҳои алоқаманд ба ҳодисаҳои фавқулодда ва фаъолияти Кумита метавонед аз ин матлаб маълумоти бештар ба даст оред:

Нишасти матбуотӣ. Фаъолият дар соли 2020.

барчасп: