Ҷаласаҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои КҲФ

Дар се Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои ҷамъбасти семоҳаи аввали фаъолият баргузор ва натиҷаҳо ҷамъбаст шуданд.

Дар ҷараёни баргузории ин ҳама ҷаласаҳо як қатор тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои таблиғотӣ, иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда, татбиқи минбаъдаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ","Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018-2022 " зикр  ва вазифаҳо барои рӯйдодҳои ояндаи солро муайян шуданд.

Ҳисоботи муовинони сардорон, мудирони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо шунида шуданд.  Онҳо аз корҳои анҷомшуда ва шумори ҳодисаҳои фавқулодаву зарари  расида, афроди наҷотёфта ва ғайра ҳисобот доданд. 

Дар ҷамъбасти ҷаласа, вазифаҳои асосии Раёсатҳои КҲФ барои семоҳаи дуюми соли 2021 муайян гардиданд:

- ташкил ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, пешгирии марг ва осеби одамон дар онҳо;

- таҳкими корҳои соҳилбандӣ;

- баланд бардоштани сифати тайёрии касбии кормандони шӯъбаҳо;

- омодагӣ ба мавсими шиноварӣ, гузаронидани корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолӣ.