Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода тибқи амри Раиси шаҳр аз 09 марти соли 2021, гузаронидани «Рўзи мудофиаи гражанӣ» дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони омодагии дифои ҳарбӣ ва муовинони директорон оид ба қисми таълимии муассисаҳои шаҳри Турсунзода дар МТМУ-и  №32 рӯзи 12 – уми апрели соли 2021 ва МТМУ-и №59 дар шаҳр «Рўзи мудофиаи граждани»-и намунавӣ дар мавзўи «Амали ҳайати нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта (заминларзаи 6-7 балла)» баргузор намуд.

Дар рафти чорабини гузаронидани корҳои наҷот, мубориза бар зидди сўхторҳо, безараргардонии сару либос ва одамон аз моддаҳои сахтаъсири  заҳролуд, расонидани ёрии авалияи тиббӣ ба зарардидагон ва эвакуатсияи хонандагону омўзгорон амалан аз ҷониби нерўҳои ғайриҳарбии муассисаҳои номбурда иҷро карда шуд.

Дар чорабиниҳои мазкур  2230 хонанда, 84 нафар омўзгорон, 109 нафар директорони муассисаҳо, 63 нафар муовинони директорон оид ба таълим ва 80 нафар омўзгорони омодагии дифоӣ ҳарбии дигар муассисаҳои шаҳр иштирок намуда барои гузаронидани чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои худ, таҷрибаи назариявӣ ва амалиро аз худ намудаанд.

 

Расмҳо аз ҷараёни баргузории ин тамринҳо.

 

С. Ҳоҷиев, сардори Шуъба,

подполковник

барчасп: