Наҷоти як шаҳрванди 21-солаи Узбекистон дар Баҳри Тоҷик

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 13-уми июн ҷони боз як нафарро аз хатари ғарқи об шудан наҷот доданд. Ин ҳодиса дақиқан соати 11:30 дарқиқа дар соҳили Баҳри Тоҷик рух дод.

Ғарқшуда як ҷавони 21-сола, сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд мезистааст. 

Бо дарёфти хабари ғарқи об шудани ин ҷавон дастаи зудамали навбатдор дар соҳилҳои Баҳри Тоҷик худро ба ҷойи ҳодиса расонд ва ҷавонро сари вақт аз миёни об ба соҳил овардаву наҷот доданд.

Ба ҷавон ёриҳои аввали тиббӣ расонда шуданд ва ӯ ба кумаки дигари тиббӣ ниёз надошт.