Маҳфили адабӣ дар Қисми ҳарбӣ. Меҳмонон ба сарбозон аз Ваҳдат гуфтанд

Дар толори китобхонаи қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гурӯҳи тарғиботчиён ва адибон Исломҷон Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , Фарзонаи Зарафшонӣ, шоира, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Гулистони дониш”, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон бо сарбозону афсарон маҳфили илмию адабии - “Адибони ваҳдатсаро” таҳти унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...” бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Зикр гардид, ки ки бисту чор  сол муқаддам, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик – Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.

Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро ба мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст.

Маҳз барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши асосиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат иҷро намудаанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштанд.

Исломҷон Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент зимни  суханронӣ қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлолияти давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумуи кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу таърих заминаи мусоид фароҳам оварад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ  дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Дар партави идеяҳои Ваҳдати миллӣ тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд.

Ҳамчунин, шоира - Фарзонаи Зарафшонӣ суханронӣ намуда, чанд шеъри тозаэҷодашро дар васфи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Дар фарҷом афсари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи қисми низомии 45025 полковник Аскар Файзуллозода  ба меҳмонон изҳори сипос намуда, маҳфили илмию адабии “Адибони ваҳдатсаро” бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар тарбияи маънавӣ ва хештаншиносии сарбозон фоли нек донист.

Икром Ҷӯразода