Наҷоти навзоде, ки дар қуттӣ дар рӯди Ганг шино мекард

Як қоиқрон дар иёлоти Уттар-Прадеш, воқеъ дар шимоли Ҳинд муваффақ ба ин шудааст, ки як навзоди духтарро, ки дар дохили як қутии чӯбӣ дар оби дарёи Ганг шино мекард, наҷот диҳад. Ин қоиқрон, ки аз ӯ Голлу Ҷаудҳар ном бурда мешавад, гуфтааст, ки гиряи ин тифли 21-рӯза ӯро водор кард, ки ба самти қутии чӯбӣ заврақ ронад ва онро ба соҳил кашидаву наҷот диҳад.

Ин навзод дар як рӯсарии сурх печонида шудаву дар қутти гузошта шудааст ва дар як варақи дигар ҳамчунин солу рӯзи таваллуд ва ҳатто номи ӯ низ навишта шудааст. Рӯ ва дохили қуттӣ бо тасвири худоёни ҳинду оро дода шуда буд. Соҳиби духтар ӯро ба шарафи дарёи Ганг, ки як рӯди муқаддас ҳам барои ҳиндуҳо мебошад, номи ӯро Ганга гузоштааст.

Қоиқрон Голлу гуфтааст, ки дар соҳил бисёриҳо нолаву шевану гиряи тифлро шуниданд, вале касе талош накард ба вай ёрӣ расонад. “Ман фавран ба тарафи ӯ рафтам, қуттиро ба соҳил овардам ва чун боз кардам, ӯро (кӯдакро) дидам”,-гуфтааст ӯ.

Голлу аввал ӯро ба хона овардааст ва баъдан аз вай ӯро пулис гирифта ва сипас ба хадамоти иҷтимоӣ супурдаанд. Дар айни замон духтарча дар бемористон аст ва таҳти назорати духтурон қарор дорад. Баъди ташхиси вазъи саломатӣ ӯро ба ятимхона интиқол медиҳанд.

Ҳокимони иёлот гуфтаанд, ки барои парваришу тарбияи Ганга маблағ ҷудо мекунанд ва ба наҷотдиҳандаи вай ҷоиза хоҳанд дод.

Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши қазия оғоз кардаанд, мехоҳанд падару модари ӯро пайдо кунанд ва донанд, ки чаро онҳо аз фарзанди худ даст кашиданд.

Полис сабабҳоро ошкор накардааст ва гуфтааст, ки тафтиш идома дорад. Вале коршиносон мегӯянд як сабаби аслии раҳо кардани духтар дар об ҷинсияти ӯст. Маъмулан дар Ҳинд таваллуди писарро бештар интизорӣ мекашанд, чун тибқи анъанаҳо дар ин кишвар духтарон харҷи зиёд доранд ва на ҳама волидон метавонанд аз уҳдаи ин гуна масрафот бароянд.

Гузашта аз ин санҷиши пешакии ҷинсии тифли батни модар дар Ҳинд манъ аст, вале ғайриқонунӣ аксаран ин корро анҷом медиҳанд. Бисёре аз модароне, ки мефаҳманд тифли батнашон духтар аст, бо роҳҳои сунъӣ исқоти ҳамл мекунанд. 

Ҳолатҳое низ дида шудаанд, ки модарон баъди таваллуди духтар ӯро бо дастони худ куштаанд.

барчасп: