Пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар Хистеварз

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯъба дар мавриди риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ, ҷиҳати тайёрӣ дар мавсими оббозӣ баҳри таъмини бехатарии сокинону меҳмонон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар мавсими оббозии тобистони соли​ 2021 аз ҷониби кормандони Шӯъбаи Раёсат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар минтақахои истироҳатии ҷамоати деҳоти Хистеварз, ки дар​ соҳили Баҳри тоҷик ҷойгиранду ҳамасола сокинону меҳмонон дар мавсими оббозӣ дар мавзеъҳои мазкур бештар ҷамъ мешаванд, лавҳаҳои иттилоотӣ​ насб карда шуданд.

Инчунин дар рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо масъулони минтақахои мазкур сӯҳбатҳо гузаронида шуда, ёрии амалӣ расонида шуд.
Корҳои пешгирикунанда дар ин самт идома дорад.

 Ш. Бутаева