Анҷоми мусобиқоти варзишии “Футболи хурд”

Мусобиқаи “Футболи хурд”, ки 15 – уми июни соли 2021  дар Раёсати моддию техникӣ, хурокворӣ ва таъмини нақлиёти Кумита оғоз гардида буд, 23 июн ба анҷом расид.

Дар чорабиниҳои мазкур 8-даста ширкат варзиданд, ки аз байни онҳо 3 даста ғолибони мусобиқа дониста шуданд.

Ҷойи 1-ум насиби дастаи “Шараф” аз Қисми ҳарбии  45095 шуд. Ҷойи 2-юм ба дастаи “Марказ”-и Дастгоҳи марказии Кумита расид.

Ва ҷойи 3-юм ба дастаи “Наҷот”-и Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷот тааллуқ гирифт.

Ҳамкорони варзишкори худро ба ин комёбиҳо муборакбод мекунем. 

барчасп: