Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 24-солагии Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд. Вохӯриро муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода ифтитоҳ кард ва ҳозиринро бо ин иди бузургу таърихӣ табрику муборакбод намуда, дар бораи ин ҷашн ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими суботу амният дар кишвар сухан ронд.

Намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фирдавс Фахриддинзода зимни суханронии худ марҳилаҳои гуфтушуниди сулҳи тоҷиконро ёдрас намуда, дар бораи аҳамияти Созишномаи сулҳи имзошуда ибрози назар кард.

Дар хотима полковник Ширинҷон Собирзода афзуд, ки ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукрона аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намоем.

Бахши вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Суғд афсарони ҷавонеро, ки дар баланд бардоштани ҳувияти миллию эҳсоси худшиносии ҷавонону варзишгарон саҳм доштанд, бо Сипоснома қадрдонӣ кард.