Шиносии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо вазъи саломатии гирифторони бемории COVID-19

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 имрӯз, 13 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ба як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ шудаанд, ташриф оварданд.

Дафтари матбуотии вазорат бо пахши ин иттилоъ гуфтааст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Аснои шиносоӣ роҳбарияти вазорат бо вазъи беморони гирифтори коронавирус, вазъи феълии муассисаҳои болозикр дар самти ташхис ва табобати гирифторони ин беморӣ дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои болозикр барои табобати гирифторони коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.

Махсусан, дар муассисаҳои болозикр дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд гуфт, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати  гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.

Инчунин, маврид ба зикр аст, ки мутахассиси варзидаи рус, терапевт Зайцев Андрей Алексеевич, ки давоми чанд рӯз мешавад дар Тоҷикистон қарор дорад, ба муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус табобат мегиранд, ташриф оварда, бо мутахассисони тоҷик оид ба табобати бемории мазкур табодули таҷриба намуд.