COVID-19: Шумори гирифторон дар Тоҷикистон ба 14 000 нафар расид, фавтидагон 110 нафар эълон шуд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 516 528 нафари дигар олуда ба коронавирус шуданд. Ва шумори умумии гирифторон дар олам ба 188 миллиону 128 ҳазору 952 нафар расид.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоиш ва густариши гунаҳои басо хатарноки  COVID-19 оламиёнро ҳушдор дод.

Кишварҳое, ки бештар аз дигар мамолик мубтало ба коронавирус зиёдтар доранд:

ИМА— 34 873 170

Ҳинд — 31 025 875

Бразилия — 19 262 518

Русия — 5 882 295

Фаронса — 5 833 341.

Дар Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта беш аз 48 ҳазор мубтало ба коронавирус сабт шуд. Мақомот аз болоравии сатҳи маргумир дар шабонарӯзи гузашта хабар доданд. Дар омор гуфта мешавад, ки шаби гузашта 63 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. 

Дар Фаронса баъди коҳиши шумори мубталоёни шабонарӯзӣ дар моҳи июн, миёнаҳои моҳи июл беморӣ авҷ гирифт ва ҳоло ба ҳисоби миёна ҳар 24 соат то беш аз 5,5 ҳазор нафар гирифторони нав сабт мешаванд. 

Дар Каталония ва Галасияи Испания тадбирҳои иловагии беҳдоштӣ эълон шуд. Акнун сокинон набояд беш аз даҳ нафар дар як ҷо ҷамъ шаванд. Тавсия шудааст, ки дастрасӣ ба тафреҳгоҳҳои соҳилӣ ва истироҳатгоҳҳо низ маҳдуд шавад. Дар Италия аз аввали пандемия 127 840 нафар аз КОВИД-19 фавтиданд.

Дар чандин вилоятҳои Португалия қуюди шабгардӣ аз сари нав ҷорӣ шуд. Касоне, ки шаҳодатномаи эмшуда аз КОВИД надоранд, ба меҳмонхонаҳо роҳ дода намешаванд. 

Финляндия аз 26 июли соли равон танҳо он хариҷиёнеро ба кишвар роҳ медиҳад, ки шаҳодатномаи ваксин дошта бошанд. 

Абу-Дабӣ аз 19 июл дар Иморат қуюди шабгардӣ  ва маҳдудиятҳо ба вуруд ба кишвар ҷорӣ мекунад. 

Дар Русия шабонарӯзи гузашта 25 293 мубталои нав ба  COVID-19 ба қайд гирифтанд. Аз авали ҳамагирӣ дар:

Дар Санкт-Петербург — 497 789 (+1954),  17 917 нафар фавтида,

Вилояти Москав — 353 475 (+2444), фавтида 6818 нафар,

Хабаровск — 60 229 (+335), фавтида 551 нафар,

Забайкал — 51 528 (+298), фавтида 826 нафар,

Приморский — 50 406 (+255), фавтида 857 нафар.

То 16-уми июли соли 2021 дар Қазоқистон 472 106 ҳодисаи сироят ба коронавирус Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии фавтидагон 4 856 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Қирғизистон теъдоди гирифторон ба коронавирус ба 144 958 расидааст ва аз Covid-19 2 143 нафар фавтидаанд.

Шумори гирифторон ба коронавирус дар Ӯзбекистон 117 902 нафар ва ҷонбохтагон 785 нафар эълон шудааст. 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат  42 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 31 нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 1 нафар фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 15 июл  дар кишвар 14000 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13631 нафар (97,4%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 110 нафар фавтидаанд.