Дар Тоҷикистон то имрӯз 14037 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Шумори ваксингирифтагон 422 ҳазор нафар эълон шуд

Шоми 16-уми июли соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз ифшои 37 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус хабар дод ва гуфт, ки дар як шабонарӯз 28 нафар мулоиҷашудагон аз беморхонаҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Дар хабар омадааст, ки дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то имрӯз, 16 июл  дар кишвар 14037 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13659 нафар (97,3%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 110 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин аз ваксин гирифтани 422 ҳазор сокинон хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки то 16 июли соли равон дар Тоҷикистон 421 ҳазору 832 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 20 ҳазору 190 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки “тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сияроти мазкур маънидод мекунанд.

Бояд гуфт, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус  дар ҷумҳурӣ идома дорад”.