88 сироятшудаи нав ба COVID-19 дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз. Дар олам ҳудудан 196 миллион нафар

195 миллиону 872 ҳазору 299 сироятшуда ва 177 миллиону 606 ҳазору 720 муолиҷашудаи Covid-19 дар олам. Шумори фавтидагон ба 4 миллиону 191 ҳазору 874 нафар расидааст. Дар Русия теъдоди мубталоён 6 миллиону 172 ҳазору 812 нафар ва ҷонбохтагон 155 ҳазору 380 нафар эълон шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта  боз 23 032 нафар гирифтори Covid-19 гаштаанд.

Панҷгонаи кишварҳое, ки бештар аз дигарон мубтало доранд:

ИМА — 35 291 373

Ҳинд — 31 483 411

Бразилия — 19 749 073

Русия — 6 172 812

Фаронса — 6 026 115.

Аз аввали ҳамагирӣ дар Италия 127 995 нафар фавтиданд ва 4 миллиону 325 ҳазору 046 нафар гирифтори вирус шуданд. 

Аз 23-уми июл дар Шветсия марг бар асари коронавирус чор баробар афзудааст ва шумори умумии фавтидагон ба 14 655 нафар расидааст.

Руминия аз сирояти боз 175 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод ва дар ин кишвар шумори гирифторон 1 082 551 нафар эълон шудааст.

То 28-уми июл дар Қазоқистон 542 703 ва дар Қирғизистон 159 089 нафар чун гирифтор ба Covid-19 сабт шудаанд. Дар Қазоқистон аз ин беморӣ 5 538 ва дар Қирғизистон 2 275 нафар ҷон бохтаанд.

Шумори мубталоён ба Covid-19 дар Ӯзбекистон 125 784 ва фавтидагон 845 нафар гуфта шудааст. 

 

ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар боз 88 нафар мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ як нафари дигар аз олам гузашт. Шумори муолиҷашудагон 78 нафар эълон шудааст.

Дар хабари ин вазорат омадааст, ки дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то  27 июл  дар кишвар 14 761 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14245 нафар (96,5%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 119 нафар фавтидаанд.

Дар як хабари дигар Вазорати тандурустӣ аз оғози воксанзанӣ ба ваксинаи ширкати “Модерна Инк”-и ИМА хабар дод. Гуфта мешавад, ки  субҳи 26 июли соли равон 1,5 млн воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА  ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19  ба Тоҷикистон  ворид гардид. Вояҳои ваксинаи мазкур аллакай ба ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, минтақаи Рашт ва шаҳри Ваҳдат дастрас карда шуда, маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар миёни шаҳрвандон бо истифода аз ваксинаи мазкур оғоз ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемории COVID-19 имрўзҳо дар тамоми кишвар маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 бомаром идома дорад.  Ваксинаҳо ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ аллакай дастрас шудаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват  ба амал овардааст, ки дар ин маърака иштироки фаъол дошта бошанд. Гирифтани ваксина имрўз роҳи асосии пешгирии бемории коронавирус дар тамоми ҷаҳон интихоб шудааст.  Ҳамчунин, ёдовар мешавем, ки гузаронидани ваксина ройгон ба роҳ монда шудааст. Барои гирифтани ваксина ба марказҳои саломатии ҷои истиқомати хеш муроҷиат намоед. Нисбати саломатии худ ва наздиконатон бетараф набошед.