COVID-19: 84 сироятшудаи нав дар Тоҷикистон. Донишмандони Ҷопон мегӯянд як гунаи ин вирус иммунитети инсонро мефиребад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар 220 кишвари оламро 197 миллиону 301 ҳазору 248 нафар ва ҷонбохтагонро 4 миллиону 213 ҳазору 045 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 595 149 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 8804 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Биологҳои ҷопонӣ баъди як пажӯҳиш ба ин хулоса расидаанд, ки лямбда - штамми SARS-CoV-2, ки ҳоло дар як қатор кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ густариш меёбад, на танҳо хеле сирояткунанда аст, балки қодир аст худро аз назари иммунитети инсон пинҳон дорад.  

Дар Италия аз аввали ҳамагирӣ за коронавирус 128 029 нафар фавтидаанд.

Ҳукумати Финландия аз охири моҳи июл маҳдудиятҳоро дар кори нуқтаҳои хӯроки умумӣ дар чанд минтақаи кишвар ба сабаби густариши сироят ба коронавирус тақвият бахшид. 

Арабистони Саудӣ эълон кард, ки гардишгароне, ки ваксин гирифтаанд, аз 1-уми августи соли равон метавонанд вориди ин кишвар шаванд. Аммо танҳо касоне иҷозаи вуруд хоҳанд дошт, ки бо ваксинаҳои  Moderna, Pfizer, Johnson & Johnson  ва AstraZeneca худро эм кардаанд. Барои ин сайёҳон дигар карантини дуҳафтаина шарт  нест. Вале дар муддати 72 соати вурудашон вазифадоранд тест супоранд.

Зарфи як ҳафтаи гузашта дар Эстония боз 645 нафар чун мубталои нав сабт шуданд ва шумори гирифторони нав дар қиёс ба ҳафтаи пеш 72% афзудааст. 

Шабонарӯзи сипаришуда дар Русия аз КОВИД 799 нафар фавтиданд ва 23 270 нафар сироят шуданд. Шумори шифоёфтагон 20 834 нафар гуфта шудааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар Русия 6 218 502 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудаву аз он беморӣ 156 977 нафар ҷон бохтаанд.

Дар Қазоқистон шумори умумии гирифторон 557 107 ва фавтидагон 5 619 нафар эълон шудааст. Қирғизистон бошад аз сирояти 161 015 нафар ва м арги 2301 тан хабар дод. 

Теъдоди сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон аз аввали ҳамагирӣ  ба 127 506 ва фавтидагон ба 859 нафар расидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ифшои боз 84 сироятшудаи нав ва марги як нафари дигар дар таърихи 29-уми июл хабар дод. Бино ба омори ин вазорат то имрӯз дар саросари кишвар 14 929 сироят шуда, 96,4% онҳо муолиҷа шудаанд. Шумори умумии фавтидагон дар Тоҷикистон ба 121 нафар расидааст.

Инчунин вазорати тандурустӣ дар гузориши дигар хабар дод, ки то 28-уми июли соли равон дар Тоҷикистон 524  ҳазору 472 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд ва вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 40 ҳазору 450 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.