Мулоқот бо намояндагони Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо намояндагони Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд вохўрӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат - ифтихори мост ва Паём – ифодагари дастовардҳо баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур капитанҳои адлия Мирзосолеҳ Холзода ва Илҳом Искандарзода иштирок намуданд.

Вохўриро муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ полковник Собирзода Ширинҷон Собир ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуданд.

Капитани адлия Илҳом Искандарзода дар мавзӯи «Пешвои миллат - ифтихори мост” маърӯза намуда, дар бораи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал нақл кард. Вай бештар аз нақши созандаи Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот, хатми ҷанги дохилӣ ва рушди иқтисоди кишвар сухан ронд ва гуфт, ки оромиши имрӯза натиҷаи талошҳои ҳамин абармарди таърихи миллат аст. 

Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоннисорӣ, мардонагиву далерӣ тавонист ҳам ҷангро хотима бахшад ва ҳам иқтисодиёти кишварро рушд диҳад.

Капитани адлия Мирзосолеҳ Холзода моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин фаҳмонид. Вай афзуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушди таҳкими соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

Вохўрӣ дар фазои озод гузашт ва миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.

 

Ш.Бутаева, Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат

лейтенанти калон.