Мулоқоти Раиси КҲФ бо вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода бо вазири  давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Ториқ Аҳмад Уимблдон ва ҳамроҳонаш мулоқот намуд.  

Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби Ториқро бо самтҳои асосии фаъолият, усулу шеваҳои кор дар Кумита, сохтор ва воҳидҳои он, ҳамчунин корҳои анҷомшуда барои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ дар кишвар ошно намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни идораҳои ду кишвар дар мавриди вокуниш ба офатҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони наҷотбахшро баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Дар поёни дидор ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.

барчасп: