Як сели азими шорида аз домани пирях дар ноҳияи Лахш маҷрои дарёи Сурхобро дигар кард

Дирӯз, 9 сентябр аз соати 06:00 дақиқа то соати 06:30 дақиқа, дар мавзеъи Арчакаппа, деҳаи Сугади ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафт ва ба сони як сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа бастааст.

Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60 метр роҳ дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол дар километри 250-уми он шудааст. Ин ҳодиса боис шудааст, ки муддате ҳаракат нақлиёт дар ин ҷода қатъ шавад.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада бо истифодаи 1 адад автопогрузчик ва 1 адад мошини КАМАЗ соати 20:00 роҳ бо пуррагӣ барқарор карда шуда, ҳаракати ҳама намуди нақлиётҳо таъмин гардид.

барчасп: