Як пажӯҳиш мегӯяд дар 40 соли охир аз офатҳои табиӣ 3,3 миллион нафар ҷон бохтаанд

Бино ба маълумоти СММ аз заминларза ва дигар зуҳуроти хатарноки табиӣ аз соли 1970 то соли 2010 дар саросари олам наздик ба 3,3 миллион нафар (ба ҳисоби миёна ҳар сол 82 500 нафар) ба ҳалокат расидаанд. Аксари онҳо дар қаламрави кишварҳои фақир зиндагӣ мекарданд.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми зарар аз ҳамаи намудҳои офатҳо миёни солҳои 1970 – 2008 2300 миллиард доллар (бино ба қурби доллар дар соли 2008)  ва ё 0,23% аз ҳаҷми умумии истеҳсолоти ҷаҳониро ташкил дод. Бештар аз дигарон кишварҳои даромадашон миёна зарар мебинанд. 

Аз аввали асри ХХ офатҳои табиӣ дар сайёраи мо ба иқтисоди ҷаҳонӣ 7 трилион доллар зарар расондааст, ҳисоб кардаанд таҳлилгарони Олмон. Онҳо хулосаи худро онҳо бар пояи маълумоте расонаӣ кардаанд, ки аз таҳлили 35 ҳазор дигаргуниҳои харобиовар бармеояд ва дар онҳо беш аз 8 миллион нафар ҷон бохтаанд.

Ҳамзамон бо ин гурӯҳи олимон аз Пажӯҳишгоҳи технологии Карлсруэ иттилои матбуот ва маълумоти бойгониҳоро бо беш аз 90 забон дар бораи обхезиҳо, хушксолиҳо, тӯфонҳо, вулканҳо, заминларзаҳо ва оташсӯзӣ дар ҷангалҳоро омӯхтанд. Онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки дар давраи аз соли 1900 то 2015 сабаби 40 дарсади зарари иқтисодӣ дар олам обхезӣ, наздик ба 25 дарсади заминларза, қариб 20 дарсади тӯфон, 12 дарсади хушксолӣ, 2 дарсади сӯхтори ҷангалҳо ва камтар аз 1 дарсад вулканҳо будааст.

Донишмандон мегӯянд таҳлили онҳо метавонад ба ҳукуматҳои бисёр давлатҳо кумак кунад, ки ба офатҳои табиӣ ва паёмадҳои онҳо омода шаванд. 

Башар дар мубориза зидди офатҳои табиӣ муваффақ мешавад. Масалан дар Британияи Кабир обхезиҳо ҳамоно зарари бештар меоранд, дар Чили ва Зеландияи Нав заминларза хатари бештар дорад, дар бисёре аз минтақаҳои Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ гармии шадид ва хушксолӣ ҳалокатбор буд. Зарфи даҳсолаҳои охир  сабабҳои талафоти иқтисодӣ  тағйир ёфтанд. Масалан, дар Чин ҳукуматдорон барномаҳои хеле зиёдеро  барои бунёди иншоотҳои ҳимоявие, ки аз обхезиҳо пешгирӣ мекунанд, роҳандозӣ карданд ва ин боис гардид, ки зарари расида аз ин офат коҳиш ёбад.

 

ФОҶЕАҲОИ БИОЛОГИЕ, КИ БА ДАСТИ ИНСОН АНҶОМ ШУДАНД. МАРГИ ГОВҲОИ БАҲРӢ

Боре муҳандис Ҷеймз Даниэл дар суҳбаташ бо ВВС гуфта буд, ки “Аз соли 1960 тамоили нав мушоҳида мешавад: тӯфонҳо зарари бештар мерасонанд. Наздик ба 30% зарарҳои иқтисодии расида аз офатҳои табиӣ аз тӯфонҳо ва обест, ки абар асари тӯфон ба соҳилҳо сарозер мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ таҳлили офатҳои татбии гузашта ба ҳукуматҳо ва созмонҳои хайрия имкон медиҳад вазъро дақиқтар арзёбӣ кунанд ва амалҳои худро дигаргуна тарҳрезӣ намоянд. 

 

ПАЖӮҲИШ: МОҲИҲОИ ОБИ ШИРИНИ ҶАҲОН БА ФАЛОКАТИ ФОҶЕАБОРЕ РӮ БА РӮ ҲАСТАНД

Аз сӯи дигар сатҳи маргумир бар асари офатҳои табиӣ вақтҳои охир ба гунаи пешин боқӣ мондаву тақрибан тағйире накардааст: қариб 50 ҳазор нафар дар як сол. Агар ин нуктаро ба назар гирем, ки аҳолии кураи Замин пайваста дар ҳоли афзоиш аст, пас мебинем, ки маргумир аз ин ҳаводис дар ҳоли коҳиш аст.  

Миқдори умумии зарари иқтисодии расида аз офатҳои табиӣ аз соли 1900  миёни 6,5 ва 14 трилион доллар вобаста аз он ки таҳқиқгарон чӣ гуна ин зарарро бо доллар ҳисоб кардаанд, тағйирот доштааст. Яъне, ин зарар миёни ҳамин 6,5 – 14 трилион доллар будааст. Чун дақиқ ҳисоб кардани ҳаҷми зарари расида ба иқтисоди олам амалан номумкин аст.  

 

ВА ЧАНД МАТЛАБИ ДИГАР: