Тағйири иқлим: Афзоиши анкабутҳо ва морҳои заҳрдору газанда дар баъзе минтақаҳои Русия

Дар вилояти Ростови Русия шумори анкабутҳо ва морони заҳрдор афзудааст. Мутахассисон инро ба тағйири иқлим рабт медиҳанд ва мегӯянд гарм шудани иқлими сайёра боиси он шудааст, ки ҳатто хазандагон ҳам маконҳои будубоши худ ва ҷуғрофиёи ҳузурашонро васеъ кунанд. Аз ин пештар анкабутҳои заҳрдор танҳо дар марзҳои Қалмиқ ва соҳилҳои халиҷи Таганрог дида мешудаанд.

«Аргументы и факты Ростов» истинодан ба маълумоти Марказии илмии Ҷануби АИ Русия навиштааст, ки пайдо шудани хазандаҳои газандаву анкабутҳои заҳрдор сокинонро нигарон кардааст. Номзади илмҳои биология Валерий Стахеев дар шарҳи ин рӯйдод афзудааст, ки анкабутҳои заҳрдор маъмулан дар иқлими гарм ҳаёт ба сар мебаранд ва он ки ҳоло дар ин манотиқ пайдо шудаанд, пас ин гувоҳи он аст, ки иқлими минтақа барои будубошу афзоиши онҳо муносиб шудааст. 

Аммо Стахеев дар ин маврид аз омили инсонӣ ҳам ёдовар шудааст. Ӯ мегӯяд ин ҷонваронро бештар партовгоҳҳо ба худ ҷалб мекунанд, чун дар ин гуна ҷойҳо онҳо ҳашараҳоро бештар пайдо ва истеъмол мекунанд. Стахаеев дар шарҳи матлаб фаротар рафта гуфтааст, ки ин навъи анкабут ҳамон ғундаест, ки бо номи илмии Latrodectus tredecimguttatus (лотинӣ) ёд мешавад ва миёни мардум ва барои доираҳои илмӣ бо номҳои қарақурт, карабул ҳам ёд мешавад.

Ин навъи ғунда дар Африқои Шимолӣ, Осиёи Ғарбӣ, Аврупои Ҷанубӣ дида мешавад; дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ маскун аст. Ғунда бештар дар заминҳои партов, соҳили ҷӯй, ҷарӣ ва ғайра зиндагӣ карда, асосан ҳашарот мехӯрад.

Ин ҷонвар ҳатто дар иртиботи тасодуфӣ ҳам метавонад ба одам ҳамла кунад. Заҳри он ба узвҳои нафаскашӣ зарари ҷиддӣ мерасонад ва ҳатто ба марг низ оварда мерасонад.