Диққат! Озмун!

         

 

 

 

Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, соли 2021 

# ТАНҲО БО ҲАМ…  ПЕШГИРӢ ҲАЁТРО НАҶОТ МЕДИҲАД 

ОЗМУНИ ОНЛАЙН-ВИДЕО  
&
Матни Озмуни коҳиши хатари офатҳо 

Ассамблеяи Генералии СММ рӯзи 13-уми октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон кардааст ва ҳадаф мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконест, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Сеюмин конфронси ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудааст, эътироф карда шавад.  

Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол роҳандозӣ намуд. Ҳадаф: “Афзоиши чашмгири ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдомоти миллии онҳо барои иҷрои ин Барнома барои то соли 2030” мебошад.  

Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо фурсате аст барои омӯзиши умуми мардум дар мавриди таъсири офатҳо бар зиндагӣ ва некуаҳволиву рифоҳи мардум. Ҳадаф аз соли 2021 барҷаста кардани беҳтарин шеваҳо ва намунаҳои ҳамкории байналмилалӣ аст, ки таъсири мусбате бар зиндагии афроде, ки дар минтақаҳои хатари офатҳои табиӣ зиндагонӣ мекунанд, дошта бошад. Яъне коҳиши шумори шахсоне, ки таҳти таъсири офатҳои табиӣ ва инсонӣ, аз ҷумла ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво қарор доранд, эпидемия ва ҳамагириҳо ва заминларзаҳо, офатҳои вобаста ба муҳити зист ва ҳодисаҳои техногенӣ.  

Дар иртибот ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дафтари Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як озмуни эҷодии видеоӣ ва пурсиши онлайнро баргузор мекунад, ки ба афзоиши огоҳии мардум аз хатари фоҷеа мусоидат хоҳад кард.  

Ширкаткунандагон бояд беҳтарин посухҳои худро ба суолҳои озмуни коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба суроғаи https://forms.office.com/r/ECwCKmBjdY ирсол кунанд. 

Ҳар касе ин фурсатро дорад, ки бо ироаи маводи худ маҳорату истеъдоди худро нишон дода, дар ҳифзи ҷомеа аз хатари офатҳо саҳм гирад. 
Хоҳишмандем бо шартҳои Озмуни беҳтарин видео ошно шавед. 

Шакл


• Дар видеоҳои худ ширкаткунандагон бояд  ҷумлаи «Коҳиши хатари офатҳо ин_____________» - ро ба охир расонанд. 
Баъдан ин ҷумларо ба забон ронанд # Танҳо пешгирии якҷояи …….метавонад ҳаёти….- ро наҷот диҳад.  
• Видеоҳо набояд дарозтару тӯлонитар аз 1 дақиқа бошанд. 

Шартҳои ширкат: 

Дар озмун ҳар касе, ки истеъдоди эҷод дорад, метавонад ширкат кунад, маҳдудияте муайян нашудааст. 

 

Шартҳои техникии ироаи мавод:

Видеоролик бояд дар шакли электронӣ то 10-уми октябри соли 2021 бо суроғаи dilshod.kodirov@un.org, бо нишондоди мавзӯъи «IDDRR-2021-TAJIKISTAN» фиристода шавад. 

Маводи пешниҳодшуда бояд нусхаи асл бошад – тасвирҳое, ки ҳақи муаллифиашон ҳифз шудаанд, истифода нахоҳанд шуд.  

Ширкаткунанда бояд тасдиқ ва кафолат диҳад, ки маводи пешниҳодшуда ҳуқуқи шахсони сеюм ё ягон ҳуқуқи муаллифиро вайрон намекунад. Ташкилкунандагон барои вайронкунии моликияти зеҳнӣ, ки метавонанд аз истифодаи маводи пешниҳодшуда ба вуҷуд оянд, масъул нестанд. 


Огоҳии ширкаткунандагони интихобшуда: 
Озмун соати 23:59 шаби 10-уми октябр ба анҷом мерасад, маводҳои то ин замон расида вобаста ба мавзӯъи эълоншуда мавриди баррасӣ қарор мегирад. 
Маводҳоро ҳайати ҳакамоне баррасӣ мекунанд, ки Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардаанд. 
Ғолибон рӯзи 13-уми октябри соли 2021 аз тариқи пустаи электронии иштирокдорон эълон хоҳанд шуд. 

Ҳуқуқ ва моликият:
Иштирокдорон бо ризояти худ маводашонро ба Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳақи (ройгон) истифода шудани онҳо дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла бе ягон маҳдудият чоп кардани онҳо, паҳн намудан, нусхабардорӣ кардан, намоиш додан ва ё тарҷума кардан ва интишори онҳо дар воситаҳои чопии электронӣ ва чопӣ, ҳатто маводҳое ҳам, ки барои озмун интихоб нашудаанд, ироа мекунанд. 

Ҷоиза барои ғолибон:

Ғолибон соҳиби шаҳодатнома ва ҷоизаҳо хоҳанд шуд. Онҳо ба чорабиние, ки ба коҳиши хатари офатҳо бахшида шудааст, даъват мешавад, маводи ғолибон дар конфронси байналмилалии Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ ва Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тавре дар боло ёдоварӣ шуд, мавриди истифода қарор мегирад.  

барчасп: