Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳо ва борону барфи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз пагоҳ, 8-уми октябр то 11 октябри соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония аз 7 то 12 метр хоҳад вазид. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 3000 м) борон ба тадриҷ ба барфи тар мубаддал мешавад. Ғайр аз ин дар минтақаҳои кӯҳӣ туман низ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ муроҷиат мекунад. Сардиҳои аввали сол ба зироатҳои кишварзӣ таъсири худро мегузоранд. Аз ин рӯ, аҳолиро лозим аст сари вақт зироати пухта расидаро ҷамъоварӣ кунанд ва он бахше, ки ҳоло нарасидааст, онро ҳатман бо ҳар васила, аз ҷумла бо истифода аз пардаҳои полимерӣ ё коҳу пахол пинҳон кунанд. 

КҲФ хоҳиш мекунад ба чорводорӣ диққати бештар диҳанд, ҳангоми чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёт кунанд. 

Ҳангоми бодҳои сахт тавсия мешавад, ки аз хонаҳо берун набароянд. Муҳимтар аз ҳама ба кӯдакон таваҷҷуҳ кунанд ва нагузоранд, ки онҳо дар чунин боду ҳаво берун раванд. Агар зарурати рафтан шуд, ҳатман калонсолон онҳоро бояд ҳамроҳӣ кунанд. 

Кӯдакони худро ҳаргиз беназорат нагузоред!

Борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки бештар аз ҳама ронандагон бадиққат бошанд, бахусус онҳое, ки дар чунин рӯзҳои боронӣ аз роҳҳои кӯҳӣ мегузаранд, бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Боло бурдани суръати ҳаракат ҳамеша бо хатаре ҳамроҳ аст. Ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро ҳифз кунед. Чун маъмулан дар рӯзҳои боронӣ резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимол дорад.

барчасп: