Кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо 13-уми октябр дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар озмунҳо, “мизҳои гирд”, “Рӯзи дарҳои боз” мегузаронанд, мулоқот бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, литсейҳои касбӣ ва омӯзгорони мактабҳо баргузор мекунанд.
Чунончӣ рӯзҳои 11 то 13 октябри соли 2021 дар шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Лахш кормандони КҲФ бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд.
Дар ҷараёни баргузории рӯзи дарҳои кушод дар воҳидҳои КҲФ техникаи махсуси Кумитаро ба меҳмонон нишон доданд, барои онҳо баъзе ҳолатҳои наҷоти зарардигагон дар ҳолатҳои фавқулодаи мухталифро амалан намоиш доданд, дар бораи аввалин ёриҳои тиббӣ ба зарардидагон ҳарф заданд.
Ғайр аз ин дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар бо иштироки кормандони КҲФ дарсҳои кушод гузаронида шуданд.
Ҳамчунин намоиши наққошиҳои хонандагон дар мавзӯъи офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз онҳоро низ баргузор карданд. Муаллифони беҳтарин расмҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои сокинон ва таъмини амнияту бехтарии онҳо дар ҳолатҳои фавқулода буд. Яъне, ёдоварии он ки ҳар гуна ҳолати фавқулода метавонад иттифоқ уфтад ва метавон сари вақт бехатарии худ ва атрофиёнро таъмин кард
Чорабиниҳо ба муносибаи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ идома доранд.