Марги ду нафар дар обҳои кишвар. Яке 6-солаву дигар 39-сола. Яке бемори рӯҳӣ, дуюмӣ кӯдаки солим

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавқулода табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо ду ҳодисаи марги одамон дар об сабт шуд.

Ҳодисаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Як сокини 6-солаи деҳаи Сомон, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар канали Қумсангир уфтодаву ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодисаи нохӯш беназоратии писараки шашсола гуфта шудааст. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади писаракро 400 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба хешовандонаш супурданд. 

Дар ҳамин иртиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон бори дигар ба волидон муроҷиат мекунад, ки ҳаргиз фарзандони хурдсоли худро, ки гулҳои сари сабади хонадонашон ҳастанд, танҳо ва беназорат нагузоранд. Аксари ҳодисаҳои нохӯше, ки ба наврасону кӯдакон рух медиҳад, ба сабаби беназорат мондани онҳо ба вуқӯъ мепайвандад.

Ҳодисаи дуюми нохӯш дар деҳаи Калакуни ҷамоати деҳоти Ғарм рух додааст. Як сокини 39-солаи ин деҳа, ки дар қайди бемориҳои рӯҳӣ низ қарор доштааст, аз хона баромадаву барнагаштааст.    

Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо ҷасади ӯро дар масофаи 12 килеметр дуртар аз ҷойи истиқоматаш, дар наздикии деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Н.Махсум, дар наздикии дарёи Сурхоб пайдо карданд. 

Имдодгарони КҲФ дар гурӯҳои ноҳияҳои Рашт ҷасади ӯро аз дарёи Сурхоб берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бошанд рӯзи гузашта дар як сокини пойтахт, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Рӯдакӣ 106 кумак намуданд, ки дари бастааш боз ва соҳиби хона ба манзилаш ворид шавад. Ин сокини пойтахт ба қисми навбатдорӣ занг зада, хабар дода буд, ки дари манзилашро наметавонад боз кунад.