Эҳтиёт аз селҳои эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ

селҳои эҳтимолӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истнодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 17-18-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртиботи Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, чун ҳамеша эҳтиёт кунанд ва омодаи ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолии табиӣ бошанд!

барчасп: