Идораи наҷоти кишвар 28-сола шуд

Идораи наҷоти кишвар 28-сола шуд

17 августи соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии идораи наҷоти кишвар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он дар он роҳбарияти Кумита, ҳайати шахсии гарнизони Душанбе, инчунин собиқадорон иштирок доштанд.

 Бо сухани табрикӣ ҷонишини Раиси КҲФ, полковник И.Иброҳизода баромад кард. 

Вай аз ҷумла гуфт, ки “дар остонаи солгарди таъсиси Кумита мехостам барои анҷоми корҳои хубу азиме, ки шумо ҷиҳати наҷоти ҷони инсонҳо анҷом медиҳед, изҳори сипос намоям. Кори наҷотдиҳандагон ин дарвоқеъ кори мардони майдон аст ва сазовори ҳар гуна ситоишу эҳтиром”.

Хидмати собиқадорони соҳа дар рушди он ва ҳамкории зич бо ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан таъкид гардид, ки ин имкон дод, ки заминаи моддию техникии Кумита такмил ва навсозӣ карда, донишу малакаи кормандони КҲФ такмил дода шавад.  

Дар вазъияти тантанавӣ барои натиҷаҳои бадастоварда ба кормандон унвонҳои низомии навбатӣ, мукофотҳои идоравӣ ва медалҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ҳамчунин бо дастгирии хазинаи ташкилоти байналмилалии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд, ки дар он наздик ба 100 нафар кӯдакон ва наврасони пойтахт ширкат намуданд. Ин чорабинӣ ба 28-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бахшида шуда буд.

Меҳмонон аз бинои Маркази таълимӣ дидан карда, таҷҳизоти дар амалиёти наҷот ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда истифодашавандаро аз наздик тамошо карданд. Бачаҳо ба кулли суолҳояшон дар бораи техникаи наҷот посух дарёфт намуданд.

Ба бачаҳо амалан нишон доданд, ки бо кадом намуди техника кадом навъи корҳои наҷотро иҷро мекунанд. Онҳо донистанд, ки имдодгарон касоне мебошанд, ки неруманду чусту чолоканд. 

Ҳангоми суҳбатҳо ба бачаҳо дар бораи таърихи таъсиси ниҳод, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таътили тобистона дар соҳили обҳо ва ғайра маълумот доданд. 

Дар анҷоми суҳбатҳо ба бачаҳо китобчаҳо ва дастурҳо барои риояи қоидаҳои бехатарӣ тақсим намуданд.

барчасп: