Баргузории ҷаласаҳои тантанавӣ ба муносибати 28-солагии КҲФ дар Раёсатҳои минтақавӣ

Баргузории ҷаласаҳои тантанавӣ ба муносибати 28-солагии КҲФ дар Раёсатҳои минтақавӣ

Ба муносибати 28-уми солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии он чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд.

Дар ин чорабиниҳо роҳбарони идораҳои минтақавӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони КҲФ, ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии маҳаллӣ иштирок намуданд.

Чунончӣ, полковник Н.Мираков – сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ ҳамаи ширкаткунандагони ҷаласаи тантанавиро ба ин муносибат муборакбод кард. Насли наврас, аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ ва зумрае аз хонандагони мактабҳо дар бозиҳои варзишии ба муносибати ин рӯз созмондодашуда иштирок намуданд.

Сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Додиён кормандон ва собиқадоронро бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуд. Ба як қатор кормандон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ эъто шуданд.

Полковник С.Шамсизода-сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии худ ба ҳайати шахсии Раёсат саломатӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон бурдбориҳо орзу намуд.

Ин гуна ҷаласаҳои тантанавӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ва қисмҳои ҳарбии Кумита низ баргузор гардиданд.

барчасп: