Сел дар Рӯшон ба ду ҳавлии сокинон зарар расонд. 68 хоҷагии муваққатан кӯчондашуда, ба хонаҳои худ баргаштанд

Сел дар Рӯшон

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 24 августи соли 2022 тахминан соати 14:30 дақиқа бар асари боридани  борони шадид дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон сел омад.

Сел дар як замон ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр баст. Оби беруншуда аз канал вориди 2 хонаи истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ гардида, инчунин ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ зарар расонд.

Бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонии одамон 68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба МТМУ-и №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад Экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома доранд.

Дар натиҷа рӯзи 25 август 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд.

Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад.

барчасп: