Сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории як Форуми минтақавӣ ба Душанбе меоянд

6 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо баргузор мешавад.

Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва Агентиҳои СММ ширкат мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

4 октябр дар доираи Форуми минтақавӣ ҷаласаи васеъи Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ (ШМТ) ба кори худ оғоз кард, ки дар он ба иштирокчиён натиҷаҳои арзёбии нави минтақавии хатарҳо барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаҳои он муаррифӣ карда мешаванд. Натиҷаи таҳқиқоти кишварҳо доир ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба баланд бардоштани устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ дар ин кишварҳо нигаронида шудааст, пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин, баргузории чанд мизи гирд дар мавзӯи «Иқдомоти баъдӣ: дурнамои идораи хатари офатҳои табиӣ ва маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ чист?» ва “Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ ва нақши он дар дастгирии барномаи Идораи Хатари Офатҳои табиӣ дар минтақа” баргузор мешаванд.

Дар ин мизҳои гирд иштирокчиён масъалаҳои арзёбии минтақавии хатари офатҳои табиӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва рафъи паёмадҳои онҳо тавассути маблағгузории хатари офатҳои табиӣ, арзёбии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ, самтҳои татбиқ ва пешрафт дар амалисозии “Ташкили Хазина барои интиқоли хатари офатҳо дар минтақаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ”, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти тобоварӣ дар баробари офатҳо дар Осиёи Марказӣ баҳс хоҳад шуд.   

5 октябри соли 2022 намояндагони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ як қатор пешниҳоду ташаббусҳо ва барномаҳои созандаро муҳокима ва барои баррасӣ ва қабули қарор пешниҳод мекунанд.

барчасп: