Оби аз канал хориҷшуда ба манзили 5 сокини деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Фархор қисман зарар расонд

Оби аз канал

13 октябри соли 2022 соати 19:40 дақиқа болоравии сатҳи об дар канали маҳаллии деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сабаби зери об мондани хонаҳои истиқоматии деҳа шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса панҷ манзили истиқоматии сокинон қисман зарар дид.

Барои пешигрӣ аз зери об мондани хонаҳои дигари деҳа дар ҷое, ки об аз канал хориҷ шуда буд, бо истифода аз халтаҳои пур аз рег садди мустаҳкаме бунёд карданд.

Дар айни замон дар маҳалли ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад. Барои рафъи паём адҳои ин ҳодиса чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Ҳодиса талафоти ҷонӣ надот.

барчасп: