Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Ҳолати фавқулодаро метавон ба як ҷумла таъриф кард: вазъест, ки саломатӣ, ҷон, молу амволи сокинон ё муҳити зистро дар хатари фаврӣ қарор медиҳад. Кулли ҳодисаҳои фавқулодаи харобкор ногаҳонианд, то кунун дар олам системаи огоҳии бармаҳале, ки хеле пештар аз вуқуъи ин ё он офати табиӣ хабар диҳад, вуҷуд надорад. Мо имрӯз омадани селҳо, тӯфонҳо, бодҳои харобкор, барфу борону жоларо метавонем то ҳадде пешгӯӣ кунем. Вале зилзила барин офатҳо пешгӯинашавандаанд, аз ин гуна ҳодисаҳо оламиён зарари бештар мебинанд.

Гурӯҳе аз донишмандони Пажӯҳишгоҳи технологии Карлсруэ панҷ сол пеш натиҷаи як таҳқиқотро расонаӣ карда буданд, ки тибқи он аз соли 1900 то соли 2015 сабаби наздик ба 40% зарари иқтисодӣ дар олам сел буд ва 25 дарсади ин зарарҳо бар асари заминларзаҳо ба иқтисоди олам расиданд. 20% зарар аз тӯфонҳо, 12% аз хушксолӣ, 2% аз сӯхтори ҷангал ва камтар аз 1% бар асари вулқонҳо ба хоҷагии халқи кишварҳои олам расидааст. Ин донишмандон муддати дурудароз маълумотҳо аз бойгониҳои олам бо беш аз 90 забон дар бораи селҳо, хушксолӣ, тӯфонҳо, сӯхторҳо ва вулқонҳоро омӯхта, ба ин натиҷа расиданд. Хулосаи ин пажӯҳиш ба Анҷумани аврупоии илмҳо дар бораи Замин пешниҳод шуда буд. 

Ҳарчанд дар умум зарарҳои иқтисодии расида аз ин офатҳо зарфи 100 соли охир афзуданд, вале вақтҳои охир онҳо фоизи камтар аз арзиши умумии биноҳо, роҳҳо ва дигар сохтаҳои инсониро ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки башар аз сол ба сол, аз даҳсола ба даҳсолаи дигар муқовимат ба офатҳоро омӯхтааст.

Аммо нуктаи дигар ин аст, ки дар ҳар кишвар талафоти ҷониву зарари иқтисодӣ аз ҳар гунаи офати табиӣ гуногун аст. Гузашта аз ин кишварҳои мухталиф ба ин ё он офати табиӣ гирифторанд. Масалан Британияи Кабир, мегӯянд ин донишмандон, бештар аз селҳо осеб мебинад, дар Чили ва Зеландияи Нав заминларза, дар бисёре аз кишварҳои Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ хатарноктарин офат гармои шадид ва хушксолист.

Ё омори дигар: аз соли 1960 тӯфонҳо зарари бештар меоранд ва зараи онҳо ба иқтисоди кишварҳо наздик ба 30% зарари умумии офатҳоро ташкил медиҳад. 

Аз соли 1900 то соли 2015 офатҳои табиӣ дар олам тахминан аз 6,5 то 14 трилион доллар зарар оварданд. Аммо ҳам талафоти одамон ва ҳам зарари расида тахминӣ аст. Чун амалан омори дақиқро аз сабаби дастрас набудани маълумотҳои дақиқ эълон кардан номумкин аст. 

Тибқи қарори Ассамблеяи генералии СММ аз 22 декабри соли 1989 ҳамасола 13-уми октябр чун Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ҷашн гирифта мешавад.

Бино нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ якмоҳаи мудофиаи гражданӣ идома дорад, ки дар доираи он кормандони идораи наҷот корҳои маърифатӣ мегузаронанд, то аҳолӣ бештар аз пештар ба ҷиддияти ин хатарҳо бовар кунанд ва ҳамеша омодаи вокуниш бошанд.

Дар ин рӯзҳо кормандони наҷот ба бачаҳо ва омӯзгорон, ҳамчунин дигар қишрҳои ҷомеа дар бораи таърихи мудофиаи гражданӣ дар кишвар, амалҳо ҳангоми хатари офатҳои табииву техногенӣ, истифода аз таҷҳизоти наҷот ва интиқоли одамон ба маконҳои амн суҳбатҳои гузарониданд. 

Инчунин, кормандони КҲФ, ки дар Раёсати шуъбаҳои вилоятиву ноҳиявӣ фаъолият мекунанд, дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони байналмиллалии рушд дар рафти чорабиниҳо вохӯриҳо, озмунҳо, семинарҳо, мизҳои гирд ташкил намуданд, дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ фаъолона ширкат намуданд. 

Бояд гуфт, ки барои кишвари мо Рӯзи коҳиши хатари офатҳои табиӣ ин баҳонаи басо муҳим ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба мушкилоти офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода мебошад.

барчасп: