15 октябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими эътои ҷоизаҳо ба ғолбони озмуни наққошиҳои кӯдакон ва викторинаи радиоӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.
20 нафар кӯдакон ва наврасон барои расмҳои кашидаашон ва панҷ ғолиби радиовикторинаи “Азия-плюс” соҳиби сипосномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ шуданд.
Дар ин маросим Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода, Сарвари Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб, намояндагони Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист ва Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Сардори Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон зимни суханронии худ ғолибонро муборакбод намудани ва зикр карданд, ки танҳо доштани донишҳо ва дарки ҷиддияти ҳодисаҳои фавқулодда метавонад хатар ва зарари офатҳоро коҳиш диҳад.
Ғолибон ҳам ба роҳбарияти КҲФ ва шарикони байналмилалии он барои роҳандозии чунин чорабиниҳои муҳим изҳори сипос намуданд.