Мастие, ки боиси ҳалокати шаҳрванд шуд

Як сокини 44-солаи кӯчаи ба номи А. Бобоҷонови ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз дуди ғализи кӯрпачаи хонааш ба ҳалокат расидааст. Дар хабар омадааст, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 22-уми октябри соли ҷорӣ рух додааст.

Шаҳрванд дар ҳоли мастӣ сигор кашидаву дар ин асно хоб бар ӯ ғалаба кардааст ва аз сигори дасташ кӯрпачаи хона сӯхтаву дуди он соҳиби масти шароби хонаро ба ҳалокат расондааст.

Гуфта мешавад, ки зану фарзанди марҳум дар Русия қарор доранд ва ӯ дар хона танҳо зиндагонӣ мекард. 

Рӯзи гузашта ҷасади марди ҳалокшударо барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

барчасп: